Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдидҳо ба амният аз нигоҳи мақомоти Тоҷикистон


Абдулло Назаров, сарвари Раёсати умури амниятии Вазорати бехатарии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вуҷуд ва фаъолияти се нирӯи созмонёфтаро, ки аз усулҳои тундравӣ ва ифротгароӣ кор мегиранд, дастаи Маҳмуд Худойбердиев -- собиқ сарҳанги ошӯбгари тоҷик, бозмондаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ва Ҳизб-ут-таҳрирро дар вазъи кунунӣ барои Тоҷикистон, ба хусус минтақаи Суғд хатарангез арзёбӣ кард: "Беш аз ҳама ба Тоҷикистон гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпешаи террористии мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев хавф дорад. Ин мусаллам аст, зеро онҳо соли 1998 ба Суғд ҳамла карда буданд. Дуюм, он афроде, ки аъзои ҲИУ мебошанд,( ки акнун ба Ҳаракати исломии Туркистон табдили ном кардааст), аксаран таҳти назорат ва роҳбарии кишварҳои хориҷа мебошанд, аз он ҷумла кишвари ҳамсоя. Барои бадном кардани сиёсати хориҷии раҳбарияти Тоҷикистон.»
Мақомоти масъули Суғд ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум дар моҳи январ ва ҳамлаи дар моҳи май ба марзбонони тоҷик дар ноҳияи Исфараро амалиёти созмонёфта аз ҷониби дастаҳои мансуб ба ҲИУ медонад. Ба гуфтаи додситонии Суғд, дар давоми нуҳ моҳи ахир дувоздаҳ узви ин ҳаракат дастгир ва ахиран шаш тани онҳо бо ҳукми додгоҳи Суғд ба мӯҳлатҳои зиёд зиндонӣ шудаанд.
Вале бо ин ҳама дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Суғд аз дастаҳои Маҳмуд Худойбердиев ба ҳайси омили муташанниҷ сохтани авзоъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон ном бурда шуд. Генерал-майор Назаров: «Гурӯҳҳои ҷинояткори Маҳмуд Худойбердиев аз қаламрави ҷумҳурии Узбакистон бароварда шавад. Мақомоти амнияти Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд ошкор кард -- тамоми 10-11 пойгоҳе, ки гурӯҳҳои Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон дорад, нафарои мо аксҳои онро, бо ҳайъати шахсиаш гирифтанд. Ҳангоми бо кӯмаки нируҳои мусаллаҳ, хадамоти амният ва ҷосусии Узбакистон машқҳои низомӣ дидани дастаҳои Маҳмуд Худойбердиев акс бардоштаанд. Ҳатто расми онҳоро ҳангоми одамкушӣ гирифтаанд. Ҳоло(дар давоми беш аз ним соли ахир - РО) 17 нафар узви ин даста дар вилояти Суғд ошкор ва 12 тан боздошт шудаанд.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Зокир Назаров, муовини додситони Суғд қашшоқиву бенавоӣ ва бекориву ночорӣ дар ҳоли ҳозир роҳи ҷалб шудан ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгароро барои бархе аз ҷавонони Суғд боз гузоштааст. Ба хусус, онҳоеро, ки қаблан дар хориҷ аз Тоҷикистон омодагии низомӣ дидаанд:
«Дар зимни тафтиши парвандаи ҷиноии куштори раиси ноҳияи Нов (ҳозира Спитамен) мақомоти масъул гурӯҳи бузурги муташаккил ва мутамаркази террористиеро муайян намуданд, ки ҳама аъзои ин гурӯҳ махфӣ буда, фаъолияти террористии худро дар мактабҳои низомии шаҳри Қуми Эрон сайқал додаанд. Ба ғайр аз нафарони боздоштшуда зиёда аз чаҳорсад нафари дигар аз .умлаи таьлимдидагон дар Қум бо тахаллусҳои гуногун дар қаламрави вилояти Суғд фаъолият доранд. Тайи моҳҳои ахир танҳо ду нафари онҳо дастгир шуданд. Гурӯҳҳои мухталифи ҷиноятпеша метавонад онҳоро барои амалӣ намудани мақсадҳои зишти худ ҷалб намояд.»
Вале дар мавриди Ҳизб-ут-таҳрир, ҳамчун нирӯи муташаккили хатарангез ба амнияти минтақа мақомоти додситонии Суғд гуфт, ки ин ҳаракат дар ҳоли ҳозир фаъолияти зоҳиран осоишта дорад. Аммо қасд дорад дар оянда, бо пайдо кардани шароит ва имконияти мусоид аз усули тундгароӣ ва муборизаи силаҳнок кор бигирад. 97 узви Ҳизб-ут-таҳрир, ба шумули 21 зан, дар давоми беш аз ду соли ахир дар вилояти Суғд аз ҷониби кормандони интизомиву амниятӣ боздошт ва бештари онҳо зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG