Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳҳои террористии вилояти Суғд номбар шуданд


Мақомоти қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон дар як ҳамоиш омилҳои таҳдидро ба суботу амнияти кишвар муайян карданд. Раиси бахши Вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдулло Назаров дастаи Маҳмуд Худойбердиев -- собиқ сарҳанги ошӯбгари тоҷикро як таҳдиди асосӣ ба амнияти Тоҷикистон номид. Вай гуфт, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон беш аз 10 пойгоҳи гурӯҳҳои Маҳмуд Худойбердиевро дар қаламрави Узбакистон ошкор ва аз машқҳои низомии онҳо таҳти назорати хадамоти ҷосусии Узбакистон аксбардорӣ кардаанд. Назаров гуфт, бояд кишвари ҳамсоя ин дастаҳоро аз ҳудуди худ хориҷ кунад.
Мақомоти вилояти Суғд ҳамчунин тарафдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро як таҳдиди дигар ба суботи минтақа номиданд. Ноиби додситони вилоят Зокир Назаров афзуд, "Дар зимни таҳқиқи куштори раиси ноҳияи Нов (ҳозира -- Спитамен) мақомоти масъул гурӯҳи бузурги муташаккил ва мутамаркази террористиеро муайян намуданд, ки ҳама аъзои ин гурӯҳ махфӣ буда, фаъолияти террористии худро дар мактабҳои низомии шаҳри Қуми Эрон сайқал додаанд. Ба ғайр аз нафарони боздоштшуда зиёда аз 400 нафари дигар аз ҷумлаи таълимдидагон дар Қум бо тахаллусҳои гуногун дар қаламрави вилояти Суғд фаъолият доранд."
Вале дар мавриди Ҳизб-ут-таҳрир гуфта шуд, ин ҳаракат дар ҳоли ҳозир фаъолияти зоҳиран осоишта дорад. Аммо қасд дорад дар оянда, дар пайти муносиб аз тундгароӣ ва силоҳ кор бигирад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG