Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" дар истихроҷу коркарди нефту гази Тоҷикистон саҳм мегирад


Дар мулоқоти президентҳои Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Сочии Русия имкони иштироки ширкати Газпром"-и Русия дар истихроҷу коркарди конҳои нефту гази Тоҷикистон баҳс шудааст. Дар ин иртибот кормандони ширкати воҳиди "Тоҷикгаз" ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон комиссияи иборат аз намояндагони вазоратҳои иқтисод, энергетика, молия ва ниҳодҳои манфиатдорро ташкил дода, имкони ташкили ширкати муштараки Тоҷикистону Русия дар истихроҷу коркарди нефту газро баррасӣ хоҳад кард.
Моҳи марти соли равон ҳангоми зиёрати раиси ширкати "Газпром" Алексей Миллер аз Тоҷикистон созишномаи 25-солаи ҳамкориҳои стратегӣ дар соҳаи истихроҷу коркарди гази табиӣ имзо шуда буд. Ҳамзамон ба навиштаи хабаргузории "Авесто" ҷонибҳои Мувофиқатнома дар масъалаи ташкили ширкати муштараки Тоҷикистону Русия дар соҳаи истихроҷу коркарди газро ба имзо расонида буданд.Тибқи иттилои ҳамин манбаъ дар ин ширкат саҳми "Газпром" 75 дар сад ва саҳми Тоҷикистон 25 дар садро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG