Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро гуфтушуниди Раҳмонов ва Путин ба дарозо кашид?


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи ҷумъа дар Сочи бо президенти Русия Владимир Путин дидор ва гуфтушунид дошт. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, обуҳавои Сочи имрӯз хеле олӣ буд ва одамон ба истироҳату офтобхӯрӣ машғул буданд ва афзуд, ӯ ҳам ба зудӣ ба сафи онҳо хоҳад пайваст. Ҷаноби Путин, ки аллакай чанд рӯз аст, ки аз ҳавои хубу нарми Сочи истифода мекунад, дар ин бора чизе нагуфт, вале қаноатмандии худро мулоқот бо ишора ба афзойиши табодули мол байни Русия ва Тоҷикистон намоён кард ва ин афзойишро нишонаи хуб номид. Путин афзуд, ду раҳбар на масъалаҳои рӯзмарра, балки бештар ояндаи ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Хабарнигори мустақил Аркадий Дубнов, ки дар конфаронси кӯтоҳи хабарӣ дар Сочи ҳузур дошт, ба воситаи телефон чунин мегӯяд:

"Пеш аз ҳама бояд гуфт, президентҳо Путин ва Раҳмонов баъд аз ду соати сӯҳбати як ба як ба назди хабарнигорон баромаданд ва баъд аз чунин баёнияҳо дубора ба гуфтушунид идома доданд, ки як андоза аҷиб аст, зеро ду соати сӯҳбат, маълум мешавад, кофӣ набудааст. Аз баёнияҳои ду президент маълум шуд, ки асосан аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ сухан меравад. Масалан, Раҳмонов сипосгузорӣ кард, ки Русия тасмим гирифтааст, бо дарназардошти идомаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба марзбонони тоҷик кӯмак кунад. Сипас аз сармоягузориҳои Русия ба риштаи инержии Тоҷикистон сухан рафт ва президент Путин ин ҳамкориро рӯ ба густариш номид. Ончи барои хабарнигорон ҷолиб буд, ки Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон бо Русия амалан ҳеҷ гуна ихтилофи назар надорад, танҳо роҳи иҷрои бархе аз созишҳои ҳосилшударо баррасӣ мекунад. Ва зарурат ба таҳқиқи ин созишҳоро дорад, ки як қисми онҳо иҷро намешаванду бахши дигаре кӯҳна шудаанд.
Раҳмонов аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ташаккур кард, ки бо назардошти хушксолӣ дар Русия молиёти интиқоли мева ва сабзавоти Тоҷикистонро ба Русия кам кардаанд. Қазоқистон ва Русия ин молиётро 50 дарсад ва Туркманистон 25 дарсад коҳиш додаанд."


Албатта ин тарафи намоён ва ё зоҳири мулоқот буд.
Нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав, рӯзи ҷумъа навишт, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои руси худ, аз Ӯзбакистон шикоят хоҳад кард. Муаллифи ин матлаб, шореҳи сиёсии "Коммерсант", Сергей Строкан мегӯяд, Тоҷикистон аз гармиҳои нави Тошканду Маскав нохушнуд аст ва аломат додааст, ки узвияти Ӯзбакистонро дар Паймони амнияти дастҷамъӣ бо баъзе шартҳо рӯбарӯ хоҳанд кард: "Агар изҳороти ҷаноби Рапота, дабири кулли Евразетсро бодиққат хонед, он ҷо вай кӯшидааст, ҷаноби Раҳмоновро бовар кунонад, ки узвияти Ӯзбакистон дар Еврозетс барои Тоҷикистон ҳам хуб аст ва мегӯяд, ҳеҷ ҷое барои ташвиш надорад. Ҳамин ибораи ҳеҷ ҷое барои ташвиш нест, ин ибораест, ки нохост берун ҷаҳидааст ва ба сабки баёнияҳои росту дурусти сиёсӣ мутобиқат намекунад. Ва акнун бояд масъалаи узвияти Ӯзбакистон дар Паймони амнияти дастҷамъӣ баррасӣ шавад, ки низ Тоҷикистон ба он бо шубҳа менигарад ва барои узвияти Ӯзбакистон дар паймон ризоияти Тоҷикистон низ зарур аст."
Ҷаноби Строкан рӯйдодҳои 12 май дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро як ангезаи нороҳатии Тоҷикистон шуморид ва гуфт, далелаш ин аст, ки ин ҳамлаҳо дар солгарди рӯйдодҳои Андиҷон ба амал омад. Ва изофа мекунад, ки сарҳанги собиқи артиши Тоҷикистон, Маҳмуд Худойбердиев дар Ӯзбакистон ба сар бурда, ба баъзе иттилоъ аз тарафи давлати Ӯзбакистон пуштибонӣ мешавад. Строкан мегӯяд, барои Раҳмонов хеле муҳим аст, ки Худойбердиев ҳамчун як омили нороҳаткунанда аз байн бурда шавад. Корманди Пажӯҳишгоҳи этнологияи Фарҳангистони улуми Русия, муаллифи чандин рисола дар умури сиёсии ОМ, Валентин Бушков мегӯяд, вай нороҳатии ҷаноби Раҳмоновро ба хубӣ дарк мекунад: "Ман мефаҳмам, ки ӯро иқтидори Ӯзбакистон дар баробари Тоҷикистон нигарон кардааст. Вақте ки Ӯзбакистон мавқеъи ғарбгароёна дошт, мо бештар ба Тоҷикистон аҳамият медодем, аммо вақте ки Ӯзбакистон ба маҳфили кӯҳнаи худ баргашт, вазъ иваз шуд ва ҳамин гуна як бозие идома дорад."
Ҷаноби Бушков дар ин байн нақши Маскавро номуайян ва пароканда арзишёбӣ мекунад. Аммо Сергей Строкан, шореҳи рӯзномаи "Коммерсант" мегӯяд, вақте ду ҳамсоя меоянда ва аз ҳамдигар шикоят мекунанд, Маскав хоҳу нохоҳ ба як довару додгустар табдил меёбад ва ин фурсатест барои Русия, ки бо ҳалли ихтилофоти миёни ҳамсояҳо онҳоро дар зери чатри худ муттаҳид кунад: "Ман фикр мекунам, ин ҷо як нигоҳи фарохтар даркор аст. Бояд манзараи умумии рақобати нави Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар минтақаро фаромӯш накард. Маълум аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар мавриди Осиёи Марказӣ нақшаҳои худро дорад, нақшаи бунёди як Осиёи Марказии бузургу мустақили бидуни Русия. Ва аз рӯ муҳим аст, ки Русия на бо густариши таъсир ба ҷумҳуриҳои алоҳида, балки ба муттаҳид кардани онҳо дар зери соябони худ машғул шавад."
Аз коршиноси умури ОМ, Валентин Бушков мепурсам, назари ӯ чист, оё Русия розӣ хоҳад буд, агар як иттиҳоди қавӣ ва шукуфони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба миён ояд. Гуфт, Русия дар сурате ба иттиҳоди қавии кишварҳои Осиёи Марказӣ розӣ мешавад, агар худ дар он ширкат кунад. Ин ягона нуктаест, ки Сергей Строкан, муаллифи матлаби "Меҳмони тоҷики Путин, яъне Раҳмонов, на бадтар аз меҳмони ӯзбак, яъне Каримов аст", низ бо Бушков изҳори ҳамраъйӣ мекунад ва мегӯяд, шикваи ҳар кадоми онҳо ба манфиати Маскав хоҳад буд, агар тавонад, аз ин шикоятҳо истифода кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG