Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи маргбор дар рӯзи занги охирин


Бар асари як садами нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор - 20 километрии ғарби Душанбе як нафар ҳалок ва шаш нафар бо ҷароҳати вазнин ба бемористон мунтақил шудаанд. Одилҷон Оқилов, бозраси раёсати бозрасии давлатии автомобили Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, ронанда ва мусофирони яке аз мошинҳои ба садама дучоршуда хонандагони синфи ёздаҳуми яке аз макотиби ноҳияи Ҳисор буданд, ки маъракаи занги охиринро таҷлил мекарданд. Ба гуфти Одилҷон Оқилов, зоҳиран масъулияти садама бар дӯши ронандаи мошини тамғаи Нексия мебошад, ки онро хатмкунандаи мактаби миёна идора мекард. Аз сабаби он ки ҳар сол дар таҷлили чунин иду маъракаҳо ба вижа таҷлили занги охирин бо иллати беназорат мондани мактаббачаҳо ҳаводиси нохуши зиёд сар мезанад, вазири маорифи Тоҷикистон фармоне дар мавриди танзими таҷлили чунин маъракаҳои мактаббачагон содир намудааст. Тибқи фармони мазкур аз масъулони макотиб, шӯрои маҳалҳо ва кормандони вазорати дохила тақозо мешавад, ки барои ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёд ва сар задани ҳаводиси нохуш баргузории ин маъракаҳои мактаббачагон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад. Муҳаммадбек Заробеков, мутахассиси шӯъбаи макотиби миёнаи вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, зимни баргузории маъракаҳо талаботи фармони мазкур аз сӯи масъулон ва мактаббачагон ҳатмӣ бояд иҷро шавад. Оқои Заробеков мегӯяд, пас аз санҷиши ҳодисаи мазкур вазорати маориф дар ин маврид чораҳо хоҳад андешид. Агар ҳодисаи мазкур, ба эътиқоди ӯ, дар натиҷаи беназоратии мактаббачаҳо сурат гирифта бошад, масъулони шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор муҷозот хоҳанд шуд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG