Пайвандҳои дастрасӣ

Буш: Силоҳ ёфт нашуд, вале ҷанги Ироқ кори дуруст буд


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва сарвазири Британия Тонӣ Блейр хатоҳои дар ҷанги Ироқ ҷой доштаро эътироф намуда, афзудаанд, ки феълан нерӯҳои эътилоф ин кишварро тарк карда наметавонанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳукумати нави Ироқ пуштибонӣ кунад.
Дирӯз аснои нишасти матбуотии ду раҳбар дар Қасри Сафед президенти ИМА гуфт, ки ба ақидаи вай сарфи назар аз хатоҳо, иқдомҳои ғалат ва нокомӣ дар ҷустуҷӯи силоҳи куштори дастаҷамъӣ, ҳамла болои Ироқ дар соли 2003-ум амали дуруст буд:
" Сарфи назар аз тахминҳо мо дар Ироқ силоҳи куштори дастаҷамъӣ наёфтем ва ин омил суолеро халқ мекунад: Оё арзиш дошт, ки дар Ироқ ин қадар қурбонӣ диҳем? Аммо новобаста аз нокомиҳо ва қадамҳои ғалат ман қотеъона бовар дорам, коре, ки мо дар Ироқ кардему мекунем, дуруст аст."
Раисҷумҳури ИМА ҷанҷоли бадрафтории сарбозон дар муқобили бандиҳои зиндои Абу Ғурайбро "бузургтарин хато"-и ИМА дар Ироқ номид. Ӯ ҳамчунин изҳори таассуф кард,ки баъзе паёмҳои ӯ боиси ҳамлаҳои ошӯбгарони ироқӣ шуданд.
Дар навбати худ сарвазири Британия хотирнишон намуд, ки поксозии давлат аз пайравони ҳизби "Баъс" ва Саддом Ҳусайн мавриди пазироӣ мебошад.
Ҷорҷ Буш ва Тонӣ Блейр гуфтаанд: нерӯҳои ИМА ва Британия аз Ироқ замоне берун мешаванд, ки ҳукумати нави ин кишвар қудрати таъмини амниятро дошта бошад.
XS
SM
MD
LG