Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талош барои Ҷоми футболи Тоҷикистон шурӯъ шуд


Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2006 бегоҳи ҷумъаи 26 май бо дидори дастаҳои СКА «Помир»-и Душанбе ва «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ оғоз шуд. Бозӣ бо ғалабаи тими мизбон - СКА "Помир" бо натиҷаи 6 бар 0 хотима ёфт. Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон дар бастагӣ ба ин мусобиқот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар марҳалаи аввал 11 дастаи лигаи олӣ ва 9 тими лигаи якум бар асоси қуръакашӣ рақобат мекунанд. Нӯҳ бозии дигари даври аввал рӯзҳои 27-ум, 28-ум ва 29-уми май баргузор мешавад. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 2-ум ва 3-уми июн доир хоҳад шуд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2005 ба рақобат аз марҳалаи дуввуми мусобиқот шурӯъ мекунад.

Ва як хабар барои ҳаводорони шатранҷ. Дастаҳои мунтахаби мардонаю занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар 37-умин давраи Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Турини Италия ҷараён дорад, панҷ дидор анҷом доданд. Тими мардонаи кишвар дар ҳайати гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов, устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев, устоди варзиш Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Илҳом Юнусов бар дастаи Уэллс бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуда, бозиро бо тими Мексика бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 ба поён расонд ва дар се дидор аз тимҳои Словения, Эквадор ва Тунис бо натиҷаи якхелаи 1,5 бар 2,5 мағлуб гашт. Ба ин тартиб пас аз натиҷагирии панҷ даври мусобиқот тими мардонаи Тоҷикистон бо 9,5 имтиёз дар байни 150 дастаи ширкаткунандаи Олимпиада дар мақоми 78-ум қарор гирифтааст. Дастаҳои мардонаи Русия ва Арманистон бо 15,5 имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд. Тими Ҳулланд бо 15 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.

Тими занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар ҳайати Елена Нуриддинова, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова бар дастаи Намибия бо натиҷаи 3 бар 0 ва бар тими ICSC - Кумитаи байналмилалии шоҳмоти ношунавоҳо бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карда, аз тимҳои Қазоқистон ва Австрия бо натиҷаи якхелаи 0 бар 3 ва аз дастаи Люксембург бо натиҷаи 1 бар 2 мағлуб гашт. Тими Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар байни 108 дастаи занона дар ҷойи 78-ум мебошад. Дар сабқати занони шатранҷбоз тими Русия бо 12,5 имтиёз дар мақоми аввал, дастаи Украина бо 12 имтиёз дар мақоми дуввум ва тими Маҷористон бо 11,5 имтиёз дар мақоми севвум қарор доранд.
Дар даври шашуми мусобиқот дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Никарагуа ва дастаи занонаи Тоҷикистон бо тими Ямайка рақобат мекунанд. Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот то 4 июн идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG