Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон ба 25 соли ҳабс маҳкум шуд


Муҳаммадраҳими Сайдар

Додгоҳи вилояти Красноярски Русия шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Замоновро бо айбномаи куштани 14 нафар, аз ҷумла як зани тоҷик ба 25 соли зиндон ҳукм кард. Мудири дафтардории ин додгоҳ Ирина Чашина ба радиои Озодӣ гуфт, Замонов аз нигоҳи додгоҳ муртакиби 15 ҷиноят дониста шуд, аз ҷумла 14 куштори амдӣ, таҷовуз ба номус, дуздӣ ва ғоратгарӣ. Бино ба бозрасӣ Замонов соли 2004 бо гумони куштори ҳамзамонии чор зан дар як бӯстонсаро боздошт шудааст. Ба гуфтаи муъовини райиси Созмони тоҷикони муқими Красноярск Муталиб Шарифов, ки дар додгоҳ ба ҳайси намоянди тоҷикон ва ҳам тарҷумон ширкат доштааст, Абдуфаттоҳ Замонов, зодаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ)-и Тоҷикистон дар додгоҳ ба гуноҳҳои худ пурра иқрор кардааст. Муталиб Шарифов ҳамчунин гуфт, ҳарчанд Замонов узви созмони тоҷикон набуд, кирдори ӯ ва ин муҳокима ба обрӯи Ҷомеъаи тоҷикони Красноярск, ки то 40 ҳазор аъзо дорад, зарбаи сахт зад.
Пайвандони ҳалокшудагон ҳукми додгоҳро нодилона дониста, эълон кардаанд, ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд кард. Аммо консули Тоҷикистон дар Русия Тоҳир Аҳмадов воқеъияти ҳодисаро зери суол бурда, гуфт милисаи вилояти Красноярск мебоист, аз лаҳзаи боздошти Замонов то поёни таҳқиқ Сафорати Тоҷикистонро дар ҷараён мегузошт.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG