Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ин қадар тир ҳаст, ки аҳолии ҷаҳонро метавон ду бор кушт."


Дар Тоҷикистон ҳанӯз Муҷассамаи қурбониёни ҷанги 1992-1997 сохта нашудааст. Вале ҳанӯз дар ҳамон рӯзҳои хунин зане дар телевизиони мардумӣ гуфта буд, агар замоне чунин ёдгорӣ қомат кашад, дар зераш бояд навишт:

Илоҳо, бишканад дасти камонсоз,
Ки аз дасти камон бехонумонам.


Рамзи силоҳ дар муҷассамаи Пирӯзӣ бар фошизм дар Боғи Ғалаба пур аз ғурур аст ва паҳлуяш навишта шудааст, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст. Пас чаро ончи чанд сол пеш ба сари ин миллат омад, бояд фаромӯш шавад?

Кашфи гӯрҳои дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз расмӣ нашудааст, аммо ҳар рӯз аз ифшои махфигоҳҳои силоҳ хабар мерасад. Ҳанӯз ҳазорон нафар барои лаҳзае чашм мепӯшанду мебинанд, чӣ гуна тире аз силоҳе берун меҷаҳад ва шахси наздики онҳо ба замин меафтад. Шумори дақиқи қурбониён маълум нашудааст.

Тоҷикистон дар баргузории Ҳафтаи зидди силоҳ (аз 22 то 29-уми майи соли 2006) низ як истисное буд. Дар даҳҳо давлати ҷаҳон ин ҳафтаро бо суханрониҳои маҳкам ва ёдбудҳои пурдард қайд карданд.

Дар анҷумани асосӣ дар Лондон гуфта шуд, дар дунё 640 миллион(!) силоҳи тирандоз мавҷуд аст ва ин қадар тире ҳаст, ки бо он метавон тамоми аҳолии Заминро ду бор ба ҳалокат расонд.

Ҳар рӯз дар дунё 1 ҳазор нафар аз тири силоҳ кушта мешавад: 560 нафар дар давоми ҷиноятҳо, 250 нафар дар низоъҳои мусаллаҳона, 140 нафар дар худкушӣ ва 50 нафар дар тасодуфу беэҳтиётиҳо. Силоҳи сабуки оташфишон солона омили 60 то 90 дарсади куштор мешавад. Як ҷанги миёнамиқёс дар кишварҳои нодори "ҷаҳони саввум" то 50 миллиард доллар зиён меорад.

Ин арқомро Ҳаракати ҷаҳонии назорат бар силоҳи сабук (International Action Network on Small Arms) дар гузориши нави худ нашр кард. Зиёда аз 700 созмону иттиҳод ва 60 кишвар (ба вижа онҳое ки аз силоҳи оташфишон аҳолии худро бохтаанд ва ё захми ҷанг бар ҷисм доранд, узви он мебошанд. Ягон созмони Тоҷикистон узви ин ҷумбиши ҷаҳонӣ нест.
XS
SM
MD
LG