Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манофеъи ҷудои Гурҷистон ва Украина


Гурҷистон ва Украина зери ҳеч кадоме аз асноди нишасти Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ имзо нагузоштанд. Намояндагони ин кишварҳо изҳор намуданд, узвият дар ҳайъати Ҷомеаи муштаракулманофеъ дигар барои онҳо чандон аҳамияте надорад. Нишасти мазкур рӯзи 25 май дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард. Георгий Барамидзе, муовини сарвазири Гурҷистон бо ниёбат аз ҳукумати кишвараш гуфт, Гурҷистон барои ҳалли мусолиматомези низоъҳо, беҳбуд сохтани раванди гаштугузори шаҳрвандони ин кишвар ва алоқаҳои иқтисодӣ умедҳои калон дошт ва аммо ин ҳама умедҳои Гурҷистон ба қавли ҷаноби Барамидзе барбод рафтааст. Муовини нахуствазири Гурҷистон гуфт, ва аммо бо ин вуҷуд, ҳукумати кишвараш дар мавриди хурӯҷ аз ҳайъати Ҷомеаи муштаракулманофеъ тасмиме нагирифтааст. Ӯ афзуд, Гурҷистон мехоҳад, муносиботи дуҷонибаи худ бо кишварҳои узви Ҷомеаро густариш бидиҳад. Юрий Мелник, ноиби сарвазири Украин гуфт, кишвари ӯ низ тақрибан дар ҳамин мавқеъ қарор дорад.
Дар нишасти навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар рӯзи 25 май дар шаҳри Душанбе 24 санади ҳамкориҳои дохилӣ ба имзо расидааст.
XS
SM
MD
LG