Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳавоиро ҷарима бастанд


Оҷонсии зиддиинҳисории Тоҷикистон парвандаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро баррасӣ карда, барои худсарона боло бурдани нархи чипта ин ширкатро ба маблағи 160 000 сомонӣ ҷарима карданист. Амонулло Ашӯров, муовини раиси Оҷонсии зидди инҳисории Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон муваззаф аст, дар як моҳи оянда маблағи ҷаримаро пардохт намояд. Оҷонсии зидди инҳисорӣ дар моҳи апрел аз ширкати ҳавопаймоӣ тақозо карда буд, ки қарори худ афзоиши нархи чиптаро лағв кунад. Ширкати ҳавопаймоӣ барои анҷоми ин кор то аввали моҳи май фурсат дошт, вале қарори Оҷонсии зидди инҳисориро иҷро накард. Акнун мақомоти оҷонс мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани ин қарор парвандаи ширкати ҳавопаймоӣ ба додгоҳ интиқол хоҳад шуд.
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон нархи чиптаи масири Душанбе - Маскавро 370 $ муқаррар кардааст, дар ҳоле, ки Оҷонсии зидди инҳисорӣ ҳадди аксари ин қиматро 250 доллар тайин кардааст. Вале мақомоти ширкати ҳавопаймоӣ мегӯянд, қимати таъйиннамудаи Оҷонсии зидди инҳисорӣ ғайри воқеист ва харҷи парвозро намепӯшад. Ҳокимшоҳ Тиллоев, раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мегӯяд, ба феҳраси ширкатҳои монополист ворид кардани ширкати ҳавопймоӣ ғайри воқеъист аз ин рӯ, ба номаи қаблии Оҷонси зидди монополӣ низ эътироз кардаанд. Ӯ мегӯяд, тибқи низомнома онҳо бояд аввал фаъолияти ширкати ҳавопаймоиро мавриди омӯзиш қарор медоданд ва он гоҳ тасмим мегирифтанд ва дар ҳоле, ки 18 ширкат дар ин масирҳо парвоз анҷом медиҳад ва дар дохил низ як ширкати хусусӣ арзи вуҷуд кардааст, чӣ гуна метавон аз ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба унвони монополист ном бурд.
Аммо мақомоти ширкати ҳавопаймоӣ мегӯяд, баробари расман дарёфт кардани қарори Оҷонсии зидди инҳисорӣ ба он посухи расмӣ хоҳанд гуфт. Вале таъкид мекунанд, ки ҳамчунин ҳаққи ширкати ҳавопаймоӣ барои муроҷиат ба додгоҳ аз болои қарори Оҷонси зидди монополиро низ маҳфуз медоранд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG