Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоккей аз Канада ба Тоҷикистон меояд


Метю Грей - сокини шаҳри Монреали Канада ватани хоккей вақте бори аввал ба Тоҷикистон меравад, аз он дар ҳайрат меафтад, ки чӣ гуна сокинони ин кишвар мухлиси хоккей ҳастанд ва таъриху беҳтарин бозигарони хоккей дар ҷаҳонро мешиносанд. Акнун Метю Грей, ки дар дафтари бадахшонии Иттиҳодияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Канада фаъолият дорад, мехоҳад хоккейро ба ин Тоҷикистон баргардонад.

Радиои Канада Эй Эм мегӯяд, Метю Грей ва бародараш, ки хоккейбоз аст, дар майдонҳои бузурги хоккейи Канада сандуқҳои хайрия гузошта, маблағ ҷамъ мекунанд, то лавозимоти бозии хоккейро харида, ба вилояти Бадахшони Тоҷикистон бифристанд. Канадагиҳоро соҳибони хоккей меноманд, тавре ки инглисҳоро соҳиби футбол.

Бадахшони Тоҷикистон зимистони сарду яхин дорад ва Метю Грей гуфтааст, наврасони вилоят метавонанд, дар ин аём, ки хоккей бозӣ кунанд. Бале соҳибони хоккей ин бозиро то ба андозае рушд додаанд, ки онро на танҳо дар кишварҳои сард, балки дар мамолике низ дӯст медоранд, ки барфу ях ҳам надорад.

Як сокини Душанбе Абдулло Фахруллоев орзу дорад, ки дар Тоҷикистон гарму ҳамчунин серпирях, вале бе майдони хоккейбозӣ бозии хоккей бошад ва ҳунарнамоии хоккейбозони тоҷикро тамошо кунад:


"Ман мухлиси ашаддии бозии хоккей ҳастам, ин навъи варзишро дӯст медорам. Мутаасифона дар Тоҷикистон чунин навъи бозӣ нест, чунки шароит нест, майдон барои он бозӣ нест. Ман асосан бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба хоккейро тамошо мекунам ва мухлиси тими мунтахаби Русия ҳастам."

Бархе шореҳони варзиш хоккейро шоҳи бозиҳои зимистона номида мегӯянд, ки шаҳомати он дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ бештар аз азамати императори бозиҳои тобистона футбол мебошад. Хоккейбозон, ки тимсоли сарбозони замонаҳои қадим саропо ба истилоҳ ҷавшанпӯшанд, дар майдонҳо нерӯҳои ҷангии пиёдагард, вале дар рӯи яхро мемонанд. Ҳаракати тезутунд ва ҳиллаҳои онҳо хосиятҳои ҷолиби ин навъи варзишии зимистона мебошад. Зимнан ҷавшани хоккейбозон бесабаб нест, зеро шайбае ба истилоҳ суръати тӯби хоккей баъд аз зарба то ба 150 километр соат мерасад.

Ҳар як бозӣ шоҳони худро дорад ва дар хоккей таври маълум канадагиҳову амрикоиҳо, Русия, Шветсия, Финландия, Швейтсия, Чехославияи собиқ ва ҳоло Ҷумҳурии Чех ҳастанд. Зимнан ин гузориш дар ҷумҳурии Чех таҳия шуд, ки мардуми он футболу хоккейро ба истилоҳ парастиш мекунанд.
Ҳонзаи ҳаштсола сокини шаҳри Прага мехоҳад, мисли даҳҳо хоккейбозони чех, ки дар тимҳои Амрикову Канада ҳунарнамоӣ карда, миллионҳо доллар ба даст меоранд, ситораи хоккей шавад:

"Ман рӯзона ду соат машқи хоккей мекунам. Вақте аз мактаб меоям, дар фикри машқ мешавам, барои бозӣ дар компютер ва дигар бозиҳо вақт надорам, фақат хоккей. Ман мехоҳам ситораи варзиш шавам."

Бачаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон низ хоккей бозӣ мекунанд, бидуни дастпӯшак бо чавгонҳои худсохт ва Метю Грей сокини Монтреали Канада мехоҳад, барои онҳо шайбаву дастпӯшак ва чавгони ҳақиқӣ биёрад.
Аммо ба бозгардонидани теннис ба Тоҷикистон дигар ниёз нест, зеро ин навъи варзиш ба Тоҷикистон ва махсусан ба пойтахти он шаҳри Душанбе бозгаштааст, агарчӣ шумораи ҳаводорони теннис назар ба хоккей дар Тоҷикистон камтар аст.

Теннисбозони тоҷик низ соли 2005 аз мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ бо сарбаландиву ҳадяҳои зиёд бозгаштаанд. Шореҳи варзиш Назруллоҳи Латиф мегӯяд, дар қиёс ба дигар намояндагони дигар риштаҳои варзиш теннисбозони тоҷик аз ҳама бештар - дувоздаҳ медал ба даст оварданд. Ва аммо нисфи ин ҷоизаҳо танҳо ба як нафар теннисбози навраси ин кишвар -- Аҳмадҷони Муҳаммад мутааллиқ аст. Аҳмадҷони Муҳаммад дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Австрия, Малайзия ва Русия ду медали тилло ва ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамчунин теннисбози навраси тоҷик Акбари Раҳмон порсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Истамбули Туркия дар рақобатҳо миёни ҳамсолони худ мақоми севумро ишғол кард. Дилшод Шарифӣ, теннисбози дигари тоҷик барандаи мусобиқаи кушодаи вилояти Бухорои Узбакистон гардид.
Вале тими мунтахаби бузургсолони Тоҷикистон дар мусобиқаи минтақавии Ҷоми Дэвис дар Ҳонконг аз дастаҳои мунтахаби Малайзия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва тими мизбон шикаст хӯрда, танҳо бар тими Баҳрайн ғолиб омад ва дар ҷадвали гурӯҳи севум дар зинаҳои охир қарор гирифт.

Ба гуфтаи Мансур Яҳёев, мураббии тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон ин риштаи варзиш аслан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкаловск рушд ёфтааст. Дар пойтахти кишвар ва вилояти Суғд майдонҳои теннис мавҷуданд ва кӯдакону наврасон дар ду мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ аз мураббиён дарс меомӯзанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ ба тенниси майдонӣ майли зиёд доштааст. Вай ҳангоми ифтитоҳи нахустин мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон гуфт, ба ояндаи теннис дар кишвараш ва Осиёи Марказӣ хушбин аст:

"Имрӯз дар ҷаҳон теннис яке аз намудҳои маъмули варзиш маҳсуб меёбад, ки бо шавқоварии худ таввҷӯҳи мухлисон ва дӯстдорони зиёди варзишро ба худ ҷалб менамояд. Дар ояндаи наздик тенниси калон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ инкишоф ёфта, дар қатори дигар намудҳои варзиш мақоми арзандаи худро касб менамояд."

Ҳамин гуна Мансур Яҳёев мураббии тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунанд, ки бо афзудани таваҷҷӯҳи мақомот ба теннис ин навъи варзиш дар Тоҷикистон густариш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG