Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти гурӯҳи миллатгароёни рус


Полиси Русия дар шаҳри Санкт Петербург дуввумин шаҳри бузургтарини кишвар як гурӯҳи ҳашт нафарии миллатгароёнро боздошт кардааст, ки ба қатли чанд хориҷӣ ва эҳтимолан духтараки нӯҳсолаи бегуноҳи тоҷик Хуршеда Султонова даст доштааст.
Додситони шаҳри Санкт Петербург, Сергей Зайцев гуфт, ҳангоми ҷустуҷуи қароргоҳи ин гурӯҳ аз он ҷо, силоҳҳои оташфишон, маводи мунфаҷира ва адабиёти экстремистӣ кашфу забт шудааст. Русия солҳои ахир шоҳиди ҳамлаҳои афзояндаи миллатгароёни рус ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва миллатҳои дигар шуд.
Созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти Русия саъй намекунанд, то аз ҳамлаҳои дар заминаи бегонаситезӣ ҷилавгирӣ намоянд ва бархе аз мақомот чунин ҳодисаҳоро нодида мегиранд.
XS
SM
MD
LG