Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоби низоъшиносӣ дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии китоби муштараки таълимии олимони тоҷик ва Ғарб бо номи «Муқаддимаи низоъшиносӣ» ва ташреҳи барномаву роҳнамои таълими он баргузор шуд. Китоби мазкур ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 5.000 нусха ба табъ расида ва барои донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар маросими муаррифии ин китоб гуфта шуд, ки он маҳсули дастранҷи муштарак ва ҳамкории эҷодии олимони тоҷик ва пажӯҳишгарони ғарбӣ мебошад ва нахустин таҷрибаест, дар баёни низоъ, таснифу таҳлил, идора ва ҳалли он бо такя ба амалия ва назарияи низоъшиносии муосир дар кишварҳои Ғарбу Шарқ, аз ҷумла, таҷрибаи сулҳи тоҷикон. Дар китоби мазкур ҳамчунин ба мавзӯъҳои роҳҳои суннатии идора ва ҳалли низоъ дар ҷомеаи тоҷик, нақши дин, фарҳанг ва расонаҳои хабарӣ дар сулҳофарӣ таваҷҷӯҳ дода шудааст. Таҳия ва чопи ин китоб дар доираи барномаи муштараки Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии муколамаи бардавом дар ҳамдастӣ бо Вазорати умури хориҷии Швейтсария анҷом шудааст. Дар чаҳорчӯби тарҳи мазкур, ҳамчунин ворид кардани фанни низоъшиносӣ ба барномаҳои таълимии ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон дар назар будааст.
XS
SM
MD
LG