Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занон аз таҳқиру зӯроварӣ ба танг омадаанд


Гулчеҳра Раҳмонова, сарвари ин марказ мегӯяд, дар бештари мавридҳо занон дар хонаводаи худ аз ҷониби шавҳар зарбулат ва озору таҳқирҳои равонӣ дидаанд. Ба таҳқиқи ин марказ, корбурди зӯрӣ ба муқобили занон дар фаҳмиши бештари мардони тоҷик як ҷузъи одоби суннатии оиладорӣ ҳисобида мешавад. Бону Раҳмонова ин нуктаро дар як сӯҳбати мизи гирд дар мавзӯъи «Фаъолияти паноҳгоҳҳо ва марказҳои буҳронӣ баҳри аз байн бурдани хушунат алайҳи занон» дар рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми май дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт.
Дар ин нишаст, ки бо иштироки сарони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занони Тоҷикистон, намояндагони мақомоти Суғд ва коршиносон баргузор гардид, баҳси аслӣ сари роҳҳои пешгирии хушунат алайҳи занон сурат гирифт. Раҳимҷон Абдувалиев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, иштирокдори суҳбати мизи гирд аз имрӯза сабаб ва ангезаҳои иҷтимоие ном бурд, ки хушунат алайҳи занонро дар пай меоварад:
«Дар аксари мавридҳо хушунат аз камбуди буҷаи оилавӣ сар мезанад. Ва ба доман задани хушунат худи занҳо сабаб мешаванд, ки дар назди шавҳарони худ талаботи бисёри молӣ мегузоранд. Аз камбуди маош ва ноилоҷӣ дар аксари мавридҳо мардон ба шаробу нашъа рӯ меоранд. Агар дар як шабонарӯз то даҳ ҳолати хушунат ба қайд гирем, бештари он дар ҳолати майзадагии шавҳарон ва гоҳе занон рух додааст.»
Ба гуфтаи Раҳимҷон Абдувалиев, ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи занонеро, ки дар хонавода мавриди зӯроварӣ қарор ёфтаанд, кафолат медиҳад, аммо худи занон аз ин ҳуқуқи худ кам истифода мекунанд
«Зан барои он ки шавҳари худро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад, масалан барои зарбу лат, бояд се маротиба аз ташхиси додгоҳиву тиббӣ гузарад ва се хулосаи тиббӣ ба даст орад. Аммо теъдоди камтари занони хушунатдида ин талаботи душворро ба ҷо меоранд. Ба хусус, агар донанд, ки шавҳарашон бо аризаи онҳо паси панҷара меравад ва ё ҷарима хоҳад супурд, аз ин кор даст мекашанд. Чунки ҷаримадар ниҳояти кор аз буҷаи оилавӣ пардохта хоҳад шуд.»
Дар ин ҳолат Гулчеҳра Раҳмонова - сарвари маркази занон дар шаҳри Хуҷанд -- «Инис» роҳи ислоҳи вазъ ва ҳимояти занонро дар ду чиз мебинад: қабули Қонун дар бораи ҳифозати занон аз хушунати оилавӣ ва таъсиси паноҳгоҳҳо барои хушунатдидагон. «Қонуни кайфарии Тоҷикистон ҳимояти занонро дар ҳолати мавриди зарбу лат, таҳқир ва таҷовуз кафолат медиҳад. Аммо ин нокофӣ аст. Зеро амалан теьдоди каме аз занони хушунатрасида аз ин қонун истифода мекунанд. Бояд дар Тоҷикистон Қонуне дар бораи ҳифзи занон аз хушунат дар оила қабул карда шавад.»
Бонуи Раҳмонова афзуд, дар давоми як сол паноҳгоҳи муваққатӣ барои занони хушунатдида дар шаҳри Хуҷанд, ки нахустин чунин - як паноҳгоҳ барои занон дар Тоҷикистон аст, ба 22 зан , 3 навҷавон ва 18 кӯдаки дар ҳоли бӯҳронӣ сарпаноҳ ва кӯмаки равониву ҳуқуқӣ додааст.
Аммо Биҳоҷал Раҳимова, муовини сарвари шӯрои ҷамъиятии занон дар маркази устони Суғд аз байн бурдани решаҳои ахлоқии хушунат алайҳи занонро барои коҳиши ин падидаи номатлуб аз ҳама муқаддам медонад: «Ва умуман ин ба вазъи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва мадании зану мард вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамин чизро дигаргун кардан вазифаи ҳар нафарест, ки мехоҳад дар давлати демократӣ зиндагӣ ва баробарии воқеии зану мардро таъмин намояд. Яъне менталилети миллӣ дар фаҳмиши баробарии зан ва мард дигаргун карда шавад. Мардони мо имрӯз то ҳамин дараҷа расидаанд, ки ба зан, модар ва тарбиятгари фарзандашон хитоб мекунанд, ки «ба бачаҳоят нигоҳ кун», намегӯянд ки «ба бачаҳоямон нигоҳ кун».
Коршиносони умури динӣ дар Суғд ҳамдастии кормандони дин ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занонро барои аз коҳиши хушунат алайҳи занон муфид мехонанд. Ибодуллоҳ Калонзода, имом-хатиби яке аз масоҷиди шаҳри Хуҷанд, ин нуктаро таъкид дошт: «Дар чунин суҳбатҳо як профессори илми тиб гуфта буданд, ки шунавоии тахминан панҷсад зани суғдӣ бар асари зарбу лати шавҳарони худ коста шудааст. Ин нишони он аст, ки хушунат дар оилаҳои мо вуҷуд дорад. Масоҷиди мо бо имкониятҳои ками молие, ки дорад, наметавонад хонаҳои кӯдакон, паноҳгоҳҳои муваққат барои занони хушунатрасида таъсис кунад. Аммо мо метавонем ба созмонҳое, ки дар ин самт фаъолият мебаранд, ба мисли созмонҳои «Гулрухсор» ва «Инис» бо роҳи пешниҳоди маслиҳатҳои динӣ, ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ дар масъалаҳои ҳалталаби муносибати мард ва зан кӯмак расонем. Зеро дар ҳама адён эҳтироми ҳамдигарии марду зан таъкид шудааст. Вале аз суҳбатҳо маълум мегардад, ки бисёр ҷавонони мо инро намедонанд.»
Аммо иддае дигар аз коршиносони Суғд дар умури занон боз шудани паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои мардонеро ҳам, ки дар хонавода аз сӯи ҳамсари худ мавриди хушунат қарор мегиранд ва аз манзил ронда мешаванд, зарур медонанд. Зеро ингуна ҳодисаҳо, дар замоне ки сухан бештар аз ҳимояти занон меравад, рӯ ба тамоюли афзоиш дорад.
XS
SM
MD
LG