Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти нави Ғаффор Мирзоев аз муфаттишон


ақ

Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва 15 тан аз шарикони ӯ бо ирсоли як номаи саркушода аз додситони кулли кишвар ширкати бозрасонро дар муҳокимаҳои парвандаи худ дар додгоҳ тақозо кардаанд.
Дар нома гуфта мешавад, ки Мирзоев ва ҳамроҳонаш ҳангоми таҳқиқи парванда мавриди азият, шиканҷа ва бадрафтории бозрасон қарор гирифта, гоҳе иттиҳомоти ворида алайҳи худро ғайриихтиёр ба гардан гирифтаанд. Ва ҳоло, ки дар додгоҳ ҳамаи ин ҷараёнот муҳокима мешавад, айбдоршавандагон даъво доранд, ки муфаттишон низ иштирок карда барои аъмол ва рафтори ғайриқонунии худ ҷавоб гӯянд. Қаюм Юсуфов, яке аз вакилони мудофиаи Ғаффор Мирзоев гуфт, номаи саркушодаи нафари зери ҳимояти ӯ бо шариконаш ибтидои моҳи ҷорӣ дастраси додситонии кулли кишвар қарор гирифта буд вале то кунун ин идора вокуниш нишон надодааст. Аммо вай афзуд, иштироки Манучеҳр Нуров- сардори гурӯҳи тафтишотии додситонии низомӣ ва роҳбари ҳайати бозрасони парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев дар се ҷаласаи ахири додгоҳиро метавон як навъ вокуниши мақомоти тафтишотӣ ба ин номаи саркушода арзёбӣ кард. Вале нафарони айбдоршаванда мехоҳанд, муфаттишоне, ки бо роҳи зӯрӣ ва фишор онҳоро водор ба қабули айбнома кардаанд, дар назди қозии парванда посух бигӯянд.
Муҳокимаи парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев- раиси собиқи Оҷонси мубориза бо мухаддир ва фармондеҳи пешин Горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ дар маҳбаси вазорати амният, пушти дарҳои басти идома дорад. Вай ба убури ғайримуҷози марз, напардохтани молиёт, нигаҳдории силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва талоши исёни мусаллаҳона алайҳи давлат айбдор мешавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG