Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе: Нархи хона дар осмон


Коргардон ва муҷрӣ -- Салими Аюбзод Хонаи шумо ҷоест, ки ҳар куҷо раведу наравед, боз ба он ҷо бармегардед. Ва ҷоест, ки дили шумо он ҷосту ҷоест, ки ҳамеша шуморо мепазирад ва дар канор мегирад. Аммо онҳое ки хона надоранд, чӣ кунанд?

БЕХОНАҲО

Наздик ба 100 миллион нафар дар сартосари ҷаҳон аз роҳати нишастану пой дароз кардан дар зери боми худ маҳруманд. Албатта, ин адад дар ҳоли тағйир аст. Кишварҳои доро барои бехонаҳои худ манзили бепул месозанд ва ё онҳоро дар сарпаноҳҳои махсус зери як бом гирд меоранд ва имкони зиндагии беҳтаре медиҳанд. Вале бо ин ҳама адади мазкур метавонад, ҳамагӣ то 1-2 миллион каму зиёд шавад. Дар баъзе кишварҳо, монанди Иёлоти Муттаҳида, ки 760 000 бехона дорад, Иттифоқи бехонаҳо, маҷаллаву рӯзномаи бехонаҳо, озмуни шеъри бехонаҳо ва ҳатто Иттиҳоди собиқадорони бехонагӣ вуҷуд доранд. Дар Дания соле пеш сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол барои бехонаҳо баргузор гашт, ки дар он дастаҳои футболи хиёбонӣ ширкат карданд. Банда ҳанӯз ба ҳеҷ кадоми онҳо аъзо нест, вале мехоҳад, шиносномаи Шаҳрванди ҷаҳонро бигирад ва бо ин эълон кунад, ки тамоми ҷаҳон хонаи ман аст, ҳарчанд бисёр орзу дорам, дар Душанбе хонаи хурдакаке дошта бошам. Аммо оё ин имконпазир аст ё не ва бо чӣ роҳ мешавад, дар Душанбе соҳиби хонаи худ шуд аз гузориши ҳамнафаси мо, Абдураҳими Умарзод метавон шунид.

ШИКОЯТҲО

Тоҷикистон, ки мехоҳад, суннату низоми иқтисодиёти озодро ҷорӣ кунад, дарду нокомиҳои ин сохтро низ кам-кам ба худ мегирад, ҳатто дарду захмҳоро бештар аз суду хушиҳояш. Дар як соли охир фақат дар Душанбе чанд низоъи сахт дар робита ба манзили зист ба амал омад. Ронда шудани беш аз 30 оила аз хобгоҳи Нашриёти шумораи аввал, аз хонаҳои сохтаи худ маҳрум шудани одамон дар маҳаллаи 102-и пойтахт ва ахиран айни ҳодиса дар наздикии бинои шаҳрдорӣ ва ғайра. Ба қавли сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шарифов, зиёда аз 90 дарсади шикоятҳое, ки ба номи президент Раҳмонов мерасанд, ба масъалаи хонаву манзил дахл дорад. Дар давраи нооромиҳо мардум хонаҳоеро, ки соҳибонашон шаҳрро тарк карда буданд, ишғол намуданд ва на ҳамаи онҳо бозгардонида шуданд. Ба сурати умум, имрӯз таъмини мардум бо хона ва нарху навои манзил баёнгари вазъи сиёсӣ ва дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон шудаанд.

НАРХҲОИ КАЙҲОНӢ

Дар баъзе аз шаҳрҳои ҷаҳон нархи хона вобаста ба фасли сол ё боло меравад ё поён меояд. Дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чек, бо густариши манзилсозӣ нархи хонаҳои панелӣ, ки баъзан микрорайонҳои 63, 64, 82 ё 103-и Душанберо (аҷаб номҳое!) ба ёд меоранд, ба хоки сиёҳ афтод. Соҳибони чунин манзилҳо эътироз карданд, аммо шаҳрдорӣ гуфт, ин хонаҳо ба зиндагии солими инсон мусоид нестанд ва дар оянда бояд тадриҷан аз байн бурда шаванд. Аммо дар шаҳри Душанбе нархи чунин хонаҳо ба осмони ҳафтум расидааст. Эҳёи бинокорӣ низ ҳанӯз ба ин нарх таъсир надорад ва дар ҳоле ки коршиносони хушбин коҳиши нархро пешбинӣ мекунанд, муштариён андак-андак умеди худро мекананд.

БИЗНЕС-КЛАСС?

Ширкатҳои русӣ, эронӣ ва туркӣ, ки дар Душанбе хонаҳои нав сохтан мехоҳанд, нархи онҳоро ба хонаҳои Маскаву Ню Йорк баробар кардаанд. Ширкати русӣ, ки беҳтарин заминҳои Душанберо гирифт, то хонаҳои, ба истилоҳи русҳои нав, "бизнес-класс" бисозад, аввал нархи ҳар манзилро 120 ҳазор доллар гузошт. Аммо баъд аз як мол арзонтарини ин манзилҳо 250 ҳазор доллар нархгузорӣ шуд. Ва аҷибаш он аст, ки аксари ин манзилҳои ҳанӯз насохтаи ҳубобӣ ба фурӯш рафтанд. Маҷаллаи "Собственник", чопи Маскав тарҳи ин хонаҳоро "фиребо" номид ва афзуд, онро наметавон "бизнес-класс" унвон кард, балки ҳамту, манзили дорои шароити беҳтари зист. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, аз як сӯ афзойиши устувори қимати манзил дар Душанбе ва аз сӯи дигар набуди сохтмони биноҳои маскунӣ сабаб шудаанд, ки ширкатҳои хориҷӣ битавонанд, чунин нархҳои осмониро эълон кунанд. Ба вазъи бинокорӣ, бозори манзил ва дахолат ё бетарафии давлат ба ин равандҳо нигоҳе мекунем, бо ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мову шумо, Раҳматкарими Давлат дар Душанбе.

НАЗАРИ МАРДУМ

Дар гузоришҳо ва пурсишу посух бо раҳгузарон мешунавем, ки мардум аз нархҳои осмонии манзил дар Душанбе бисёр нороҳатанд. Яке мегӯяд, "ин шояд ягона риштаест, ки Душанбе дар он бо Токио баробар шудааст. Навҷавоне вазъи куллиро дар робита ба бозори манзил ва нарху навои он "як муаммои сарбаста" номид. Зане гуфт, дидани он ки одамон дар чӣ ҳоле зиндагӣ мекунанд, бисёр ғамангез аст. Марде мегӯяд, мо набояд мусулмонӣ ва инсофро фаромӯш кунем. Ва як нашрияи Душанбе шӯхиеро нашр кардааст ба ин маънӣ: "Нархи хона он қадар баланд шуд, ки хонадор шудан ҳам намехоҳӣ."

ШАҲРИ ИҶОРАШИНҲО

Дар Душанбе бехонаҳо ангуштшуморанд. Суннати миллӣ ва исломӣ (мавҷудияти масҷидҳо) имкон намедиҳад, касе дар кӯча монад. Хешу табор ба кӯмакаш мерасанд. Ҳанӯз ҳирси мол ин хислатро батамом гум накардааст. Вале шумораи иҷорашинҳо босуръат зиёд мешавад. Ҳарчанд яке аз онҳо дар сӯҳбат бо ҳамкорам Нилуфар гуфт, иҷорашинӣ беҳтар аст, зеро молиёт намесупорӣ, аксарият гуфтанд, мехоҳанд, соҳиби хонаи худ бошанд. Шахсеро мешиносам, ки дар соли 1992 як хонаи сеҳуҷрагиро дар Душанбе ба 200 доллар харид. Ҳоло ин манзил 160 000 доллар нарх шудааст. Раҳгузарони шаҳри зебои Душанбе бо шикоят аз нархи манзил ба Нилуфар мегӯянд, бояд назму суботе дар нархофаринӣ ҷорӣ шавад, он гуна ки дар Тошканд аст ва ё давлат сохтмони манзилро зиёд кунад, то нарх поён ояд.

ХОНАҲОИ ТИЛОӢ

Шокирҷони Ҳакимзода, сиёсатшиносе, ки ихтисосаш муҳандисии бинокорист мегӯяд, аллакай аҳолии Душанбе аз 1 миллион нафар гузаштааст, зеро ҳама худро ба шаҳр мезанад. Танҳо сохтмони манзилҳои бисёрошёна метавонад аз ташаннуҷи вазъ пешгирӣ кунад. Аммо иқтисодшинос Масъуд Собиров мегӯяд, баракс мардуме, ки хонаҳоро арзон харид, акнун мехоҳад қимат бифурӯшад ва ба деҳот баргардаду бо ин пул манзил созад ва деҳқонӣ кунад.

ДУРНАМО

Хуб, бо ин ҳол оё метавон умед баст, ки нархи манзил рӯзе ба андозаи ҷайби онҳое хоҳад шуд, ки (монанди ман)дар орзуи харидани як кунҷу як сарпаноҳанд? Ва ё бояд аз он ҳаросид, ки рӯзе масъалаи ҷойи зист барои кишвари камзамини Тоҷикистон, ки манзил дар он чунин нархҳои осмонӣ дорад, метавонад, заминаи эътирозу кашокашҳо гардад? Ва ё бинокорони муҳоҷир аз Русия бармегарданд ва ширкатҳои хусусӣ таъсис додаву биноҳои баландошёнае месозанд, ки ҳазорон нафарро ҷойи зист медиҳад? Шореҳон дар ин масъалаҳо сукут меварзанд, аммо охирин намунаро аз Белорус меорем, ки пас аз даҳ соли афзоиши босуръати нархи хона дар Минск, афзоиши бинокорӣ ба фуруд омадани ин қиматҳо сабаб гардид.

БАЙТИ ТАХАЛЛУС

Дар замонҳои қадим як шоири тоҷик ба Cамарқанд, ки он вақт шояд пойтахти тоҷикон буд, омад ва хост дар ин ҷо манзиле барои зиндагӣ пайдо кунад. Ҷустуҷӯҳои ӯ ва ё аниқтараш будҷаи ӯ ба ин имкон надод. Ва ин байти шӯхиомезро ба ёдгор гузошт:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае
Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.


Яъне "байт" ҳам ба маънои хона (аҳли байт чи тур?) ҳам ба маънои ду мисраъи охири ғазал, ки шоир дар он номи худро мегӯяд, то аз ҳаққи муаллифияш (ва эҳтимол дастмузд низ) дифоъ кунад:

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор
То бувад вирдат дуову дарси Қурон ғам махӯр.


ва ё

Ҳофиз андар маҷлисе, дурдикашам дар маҳфиле,
Бингар ин шӯхӣ, ки чун бо халқи санъат мекунам
.

ва ё

Суханҳои Саъдӣ мисол асту панд
Ба кор оядат, гар шавӣ корбанд


Ниҳоят:

Дар Душанбе имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,
Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.


Ба ҳамаи онҳое ки ин матнро хонданд ва ё бо "ангушт задан" ба рамзи радио дар паҳдуи сарлавҳаи асосӣ онро шуниданд, хонаободӣ орзу мекунем ва орзу мекунем, ки вазъи Душанбе ба афзойиши бехонаҳо дар ҷаҳон мадад накунад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG