Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти аввалини "Парвоз"


Дастаи «ХИМА»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Ин аввалин бохти тими «Парвоз» дар мусобиқоти имсола мебошад. Вале мавқеи дастаи пешсаф дар ҷадвали бозиҳо тағйир наёфтааст. «Парвоз», ки дар 8 бозӣ 19 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷойи аввал қарор дорад. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 16 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. «ХИМА» бо 14 имтиёз аз 6 бозӣ ба зинаи севвуми ҷадвал баромад. СSKA-и Душанбе бо 12 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва тими «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо 9 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор гирифтаанд. Воқиан, охирин бозии дастаи «Олими Каримзод» дар шаҳри Душанбе бо СКА «Помир» бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 17 май:

1. «Парвоз» - 19 имтиёз (8 бозӣ)
2. «Регар» ТадАЗ - 16 (6)
3. «ХИМА» - 14 (6)
4. СSKA - 12 (6)
5. «О.Каримзод» - 9 (8)
6. «Вахш» - 6 (2)
7. «Хуҷанд» - 6 (8)
8. «Ориёно» - 5 (5)
9. «Саройкамар» - 5 (6)
10. СКА «Помир» - 5 (7)
11. «Тоҷиктелеком» - 3 (5)
12. «Динамо» - 2 (7)

Як хабари дигар. Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лигаи аввал бо ширкати нӯҳ даста оғоз шуд. Дар аввалин даври бозиҳо дастаи «Ҳисор - Алимардон»-и Ҳисор дар меҳмонӣ бар «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 ва «Апрелёвка»-и Қайроққум дар майдони худ бар «Зарафшон»-и Панҷакент бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуданд. Дидори «Баракат»-и Шаҳринав бо тими меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 1 ва дастаи мизбон - «Ҳосилот»-и Данғара бо «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 2 ба анҷом расиданд.

Футзол. Дастаҳои мунтахаби футзоли Қирғизистон ва Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ба марҳалаи нимфиналӣ роҳ ёфтанд. Дастаи Қирғизистон баъди пирӯзӣ дар дуввумин дидори худ бар тими Лубнон бо натиҷаи 7 бар 3, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо тими Кувайт, дар рақобатҳои гурӯҳи «С» бо 6 имтиёз ҷойи аввалро ишғол кардааст. Тими Эрон, ки дар севвумин дидори худ низ ҳарифи аслиаш - Тайландро бо натиҷаи 6 бар 3 шикаст дод, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «D» соҳиби мақоми аввал шуд.

Ба ин тартиб, рӯзи 26 май дар бозиҳои нимфиналӣ Қирғизистон бо ғолиби гурӯҳи «А» ва Эрон бо ғолиби гурӯҳи «В» рақобат мекунанд. Воқиан, ғолиби гурӯҳи «А» дар дидори тимҳои Узбакистон ва Чин ва ғолиби гурӯҳи «В» дар бозӣ миёни тимҳои Ҷопон ва Тоҷикистон шоми чоршанбеи 24 май муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG