Пайвандҳои дастрасӣ

Саволҳои "сахт" ба Сӯҳроб Шарифов


ИНТИХОБОТ

Озодӣ: Коршиносон чанд рӯйдод ва падидаҳоро ба интихоботи раиси ҷумҳур бастагӣ медиҳанд ва мегӯянд, омодагӣ ба интихобот амалан шурӯъ шудааст. Назари Шумо чист, оё интихобот дар тирамоҳи имсол чӣ гуна ҷараён хоҳад гирифт?
Сӯҳроб Шарифов: Ба назари ман, интихоботе, ки дар пеш истодааст, интихоботи раиси ҷумҳур, дар фазои нисбатан муносиб мегузарад, чунки ба ҳама имрӯз маълум аст, ки кадом ҳизб чигуна мақсаду маром дорад ва чи гуна сиёсате пеш гирифтааст. Ба фикри ман, он шароитҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, имконият медиҳанд, ки ба мардуми Тоҷикистон бе фишор аз кадом тарафе набошад, бошуурона овоз гирад ва мардуми Тоҷикистон низ аз ин лиҳоз метавонад, озодона овоз диҳад. Дар ин фазо- фазои озодӣ, озодии сухан, нисбатан озодии сухан, озодии сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ мо метавонем гуфтан, ки интихоботи президент баргузор мегардад ва фикр мекунам, ки ин интихобот оромона дар сатҳи баланди маданияти сиёсӣ гузаронида мешавад ва ба фикри ман ба ҳеҷ гуна эҳсосоту амалҳои ғайриҳуқуқиву ғайриқонунӣ роҳ дода намешавад.
Озодӣ: Чандин нафар аз мақомоти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки номзади ин ҳизб раиси ҷумҳурӣ феълии Тоҷикистон хоҳад буд. Ба андешаи шумо оё дар баробари ҷаноби Раҳмонов кӣ метавонад аз ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳамчун номзад пешбарӣ шавад?
Сӯҳроб Шарифов: Гап дар сари он ки ҳизби сиёсӣ як номзадро пешниҳод мекунад, ду номзадро пешниҳод карда наметавонад. Саволи шумо дар ин маъно камтар нодурусттар аст, барои он ки зиддиятҳо дар худи Ҳизби халқӣ-демократӣ вуҷуд надорад. Ин ҳизб ягона аст ва ягона бо роҳбарияти худ ба рушди иқтисодии Тоҷикистон программаи муайяни тараққиёти Тоҷикистонро дорад ва роҳбари ин ҳизб президенти имрӯзаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов мебошад ва ман фикр намекунам, ки дар ҳизби халқӣ-демократӣ зиддиятҳое пайдо мешаванд, ки ягон гӯем номзадҳои алтернативӣ пешниҳод карда мешавад.

НОМЗАД Ё НОМЗАДҲО?

Озодӣ: Дар сурате, ки оқои Раҳмонов шояд гӯянд ман чандин сол аст, ки роҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда доштам, имкон дорад нафари наве ба ин вазифа пешниҳод шавад, дар он вақт воқеан ҳизби халқӣ-демократӣ номзад бояд дошта бошад?
Сӯҳроб Шарифов: Аз ин гуна вазъияте, ки шумо гуфтед оё онҳо омода хастанд ба ин гуна вазъият ё не ман намедонам. Лекин аз эҳтимол дур нест, ки онҳо мумкин аст, ки як-ду номзади эҳтимолӣ ҳам дошта бошанд, ин аз эхтимол дур нест. Ман фикр мекунам ҳамин хел.
Озодӣ: Бубинед, масалан дар сурате, ки ҷаноби Раҳмонов агар ҳамчун номзад пешниҳод мешаванд, пас оё ҳарифҳои сиёсии ӯ намегӯянд, ки тағйироти конститутсия дар соли 2003 ба маҳзи имконият фароҳам овардан барои Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳамин интихобот аст?
Сӯҳроб Шарифов: Рақибони сиёсӣ барои он ҳам вуҷуд доранд, ки чизе хоҳанд гуфтан мегиранд. Ин ҳаққи қонунии онҳост. Дар Тоҷикистон озодии сухан аст, демократия аст ва аз дигар тараф мо гуфта метавонем, ки ин гуна изҳороте, ки онҳо пешниҳод мекунанд, дар айни замон ба фикри ман он қадар ҳам на актуалӣ аст ва на он умда аст. Ҷамъияти Тоҷикистон ин раъйпурсиро гузаронд, худи мардуми Тоҷикистон овоз дод. Ман ба муқобили мардуми Тоҷикистон ҳеҷ чиз гуфтанӣ нестам ва агар ҳизбҳои сиёсӣ хоҳанд ба муқобили интихоби мардуми Тоҷикистон гуфтан гиранд, ин кори онҳо аст. Лекин ман ба ин овозаҳои онҳо фикр мекунам, ки баъд аз он, ки раъйпурсӣ аз тарафи мардуми Тоҷикистон дастрасӣ шуд, ин баромадҳо муқобили овози мардуму миллати тоҷик мебошад.

7 СОЛ, ЧАНД НАВБАТ?

Озодӣ: Мо дар бораи сулҳ, ки сӯҳбат мекунем, яке аз бандҳои асосии ҳамон созишномаи сулҳ ин буд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳафт сол ва барои як бор интихоб мешавад. Чун бо қонуни асосии Тоҷикистон тағйир дароварда шуд ва ин ҳафт сол ба ду навбат шуд. Оё шумо, масалан, ҳамчу раиси пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мутмаин ҳастед, ки масалан баъди гузашти ду ҳафтсола боз ҳам ба қонуни асосии Точикистон тағйирот дароварда намешавад ба хотири иштироки як нафар ҳамчу номзад ба мақоми раисиҷумҳур?
Сӯҳроб Шарифов: Шумо мефаҳмед, шумо як ҷамъияти Тоҷикистонро ҳамин хел фикр мекунед, ки баъд аз даҳ сол, баъд аз ҳафт сол ҳамин пачақ шуда мемонад -бе ягон имконияти тараққӣ кардани озодиву демократия.Ин тамоман нудуруст аст, фикрҳои тамоман пуч. Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистони имрӯза он процессхову омилҳои демократикуноние, ки дар ҷамъияти мо вуҷуд дорад, баъд аз даҳ сол маданияти шаҳрвандиву маданияти демократии фаҳмиши мардумро тамоман дигар мекунад. Аз ин лиҳоз ба ҳамаи ҳаминҳо низ президенти имрӯза Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов худаш саъйу кӯшиш мекунад, ки маданияти сиёсии мардуми Тоҷикистон дар раванди демокративу дар раванди озодии сухану плюрализми сиёсӣ баланд шавад, чунки ӯ бояд он процессҳову он рақибони сиёсие, ки имрӯз дар фазои мо амал мекунад, онҳоро бояд оддӣ қабул кунад. Рақиб бояд бошад, рақиби сиёсӣ ҳатман бояд бошад, оппозиция бояд бошад, оппозиция бояд танқид кунад. Ин мавқеи бисёр қавии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бародар. Барои ҳамин аз ин лиҳозе, ки шумо ҳозир ин саволро додед, ин ба маънои мо қадамҳои ба пеш нею ба ақиб мезанем ба давраи давлати авторитариву ба он процессҳое, ки дар даврони шуравӣ буданд як ҳизбу як вайи доимӣ, ин тавр намешавад бародар.

"РАҲБАРИЯТ", ЯЪНЕ "СУЛҲ"?

Озодӣ: Ҷаноби Сӯҳроб тамоми масалан роҳбарони ноҳияҳо, ҳукумати маҳаллӣ аз ноҳияҳо сар карда то вилоятҳо ҳамаашон раиси ҳизби халқӣ-демократӣ дар маҳаллоти худ ҳастанд. Шумо вақте мегӯед ба ҷамъияти авторитарӣ рӯ намеорему ба ҷамъияти шӯравӣ ру намеорем ва масалан он анъанаҳое, ки дар замони коммунистӣ буд такрор намекунем, ҳамин ҳозир чунин ба назар мерасад, ки мо дорем рӯ ба ҷамъияти пешинаи коммунистиву авторитарӣ меравем.
Сӯҳроб Шарифов: Не ,ба фикри ман, шумо нодуруст баҳо медихед. Мо имрӯз наметавонем ҷамъияти Точикистонро ба таври дилхоҳ дигар кунем ва иваз кунем. Мардуми Тоҷикисон мисол ҳозир хоҳиши ягонаи онҳо сулҳ бошад, ягон суботи муайяни сиёсӣ бояд бошад, ки барои рушди иқтисодӣ ё ин ки барои зиндагии ӯ халал нарасонад.
Озодӣ: Вақте ки дар бораи сулҳу субот гап меравад, гӯё ки масалан агар ҳамин роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон тағйир ёбад, ҳатман сулҳу субот бояд аз байн равад ва шумо фикр мекунед, ки масалан ҳамин интихоботе, ки мо баргузор мекунем, ҳамааш демокративу озод мегузаранд?
Сӯҳроб Шарифов: Ман фикр мекунам, ки ҳам ҳукумат, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ, ҳам институтҳои шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон дар ҳамин соҳа хизмат мекунанд дар пеши мардум, ҳамаи имкониятҳоро пеш мебарад, ки интихоботи пешистода дар фазои демократӣ гузарад. Агар ин хел фикр накунем мо ҳамаамон на ҳизбхои оппозисионӣ имрӯз даркор аст, чӣ кор мекунанд набошад ,агар онҳо фикр кунанд, ки ин интихобот демократӣ намешавад. Ман ба шумо дигар чи гуфтанӣ. Ман намехоҳам ба меҳнати ҳазорҳо одамоне, ки дар ҳамин равия кор карда истодаанд, туф кунам ва ман меҳнати онҳоро ҳурмат мекунам ва медонам, ки қатра ба қатра онҳо маданияти демократиро дар ҷамъияти Тоҷикистон дохил карда истодаанд ва мо хоҳем нахоҳем, имрӯз ё фардо ҳар як интихоботи мо ин як қадам, ду қадам пеш ба сӯи демократияву интихоботҳои озод аст. Маъқул аст ин ба шумо, маъқул нест ин ҳамин хел аст.

АҲЗОБ

Озодӣ: Масалан ҳамон ҳизбҳое, ки мегӯед фақат гап мезананд, онҳо ҳатто ҷои гапзанӣ надоранд.
Сӯҳроб Шарифов: Э, биёед монед э, биёед монед, хамин шумо акнун ба ман хамин чизро боз мехохед гӯед, ки ҷои гапзанӣ надоранд? Мана дар маркази тадқиқоти стратегии назди президент ҳар ҳизб кадом вақте хоҳад ҳама гуна конфронс мегузаронад, бас кунед.
Озодӣ: Не, матбуот надоранд.
Сӯҳроб Шарифов: Матбуотро чоп кунанд, пул кунанд. Ин давраи демократӣ, давраи бозаргони аст бародар! Тиҷорат кунанд, кор кунанд, онхо ичозат доранд аз руи хамон барномаашон, оинномаашон.
Озодӣ: Онҳо ҳақ надоранд ба радиову телевизиони давлати дастрасӣ дошта бошанд.
Сӯҳроб Шарифов: Давлатиро надошта бошанд, худашон ташкил кунанд!

ЗОИРОВ

Озодӣ: Масалан Раҳматулло Зоирову Раҳматулло Валиев барои мисол дигарон масалан ҳизбҳое, ки имрӯз ҳастанд, масалан ҳизби наҳзат онҳо иштирок намекунанд.
Сӯҳроб Шарифов: На Раҳматулло Зоиров, на Валиев барои мардуми Тоҷикистон ягон чизи, гӯем, конструктивӣ гуфта наметавонанд.
Озодӣ: Ду сол пеш, масалан, дар бораи ин ки мӯҳлати раисиҷумҳури имрӯзаи Тоҷикистон хатм шудааст ва ӯ дигар аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон имкони иштирок дар интихоботи баъдиро надорад гуфта пешниҳод кард, ба Маҷлиси намояндагон ягон ҷавоб нагардонданд.
Сӯҳроб Шарифов: Гӯш кунед, ҳамин ҷаноби Зоиров Раҳматулло мушовири калони президент дар масъалаҳои ҳуқуқиву робита бо парламент буданд. Агар мехостанд, ки ба қонунҳои Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам дигаргуниҳои демократӣ дохил мекарданд, дар мобайни бюрократия нишаста, ҳаёро тарк карда ана ҳамин чизҳоро на бо гапи кӯчагӣ ва баҳс ҳамроҳи журналистон, балки бо мутахассисин ва депутатҳо нишаста баҳсу мунозира карда, сарро сафед карда, ҷанг карда ин дигаргуниҳоро дар қонунҳои Тоҷикистон дохил мекард. Шумо бияд ин чизҳоро намедонед. Ӯро ман медонам дар вақти кор карданаш. Барои ҳамин ҳам биёед Раҳматулло Зоировро монед. Кор карда натавонист, дар мобайни бюрократия. Бародар, кор кардан даркор. Рафта мӯйро тар карда, арақ карда, ҳақорат карда гоҳ-гоҳ. Ҳа, чӣ, шумо чӣ, фикр мекунед, қонунгузориву демократикунонӣ осон аст? Ман худамро масалан аз Зоиров пасттар демократ ҳисоб намекунам. Лекин мо қадам ба қадам, чакра ба чакра ҳаракат мекунем ба давлати Тоҷикистон кӯмак кунем, ёрдам диҳем. Он касоне, ки намефаҳманд, мефаҳмонемаш. Як моҳ не, даҳ моҳ мефаҳмонем. Бародар, кори давлатӣ ин бисёр кори вазнин аст. Ман ҳам метавонистам равам, хайр чӣ? Ман равам, Раҳматулло рафт, ҳама дигарҳо раванд, пас чӣ мешавад ба ин давлат? Ин лидерҳо ҳам ба дили ҳукуматдорон задагӣ ва бо онҳо кор карда наметавонанд ва намехоҳанд гӯем ва ин ҷо боз процессҳои шахсӣ ҳаст. Барои ҳамин бояд одамҳое биёянд ба фазои сиёсии Тоҷикистон, ки беғараз бошанд,
Озодӣ: ба ҳукумат маъқул бошанд,
Сӯҳроб Шарифов: ба ҳукумат маъқул не, бояд корҳои конструктивӣ кунад, ки оппозитсияи Тоҷикистонро мустаҳкам кунад.
Озодӣ: Барои ҳамин, масалан, ҳозир ҳизби демократро мегӯянд, ки аз дастгоҳ тақсим мешаванд?
Сӯҳроб Шарифов: Не охир ҳизби демократро кӣ аз дастгоҳ тақсим мекунад? Бовар кунед мо худамон дар вақташ ҳизб ташкил карда будем. Ҷунбишу ҳаракатҳо буд, ки мо аъзояш будем. Тамоми ҳизбҳоро муноқишаҳои дохилӣ нест мекунад аз мобайн.
XS
SM
MD
LG