Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байнулмилал: Тоҷикистон зиндониёнро шиканҷа мекунад


РО: Таъсири корзор алайҳи терруризм рӯи вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чи будааст?

АБ: Ман фикр мекунам, ки ҳамкориҳо дар заминаи ҷанг алайҳи терруризм ба вижа рӯи қишрҳои осебпазири ҷомеъа, ба монанди паноҳҷӯёну паноҳандагон ва афроди мазнун ба узвият дар гурӯҳҳои исломӣ таъсир мегузорад. Ин даста аз афрод дар маърази хатари боздошту шиканҷа шудан ва истирдод қарор доранд. Масалан, истирдоди ин гуна афрод ба кишваре ба монанди Узбакистон метавонад ба шиканҷа ё ҳатто эъдоми онҳо бианҷомад.

РО: Мешавад лутфан ба таври мушаххас бифармоед, ки чи мавориди нақзи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон сабт кардаед?

АБ: Бале. Мо ҳамчунон гузоришҳоеро дар бораи мавориди шиканҷа, бадрафторӣ, боздоштҳои бидуни муҳокима дар Тоҷикистон дарёфт кардаем. Масалан, зарбу шатми зиндониён тавассути афсарони интизомӣ ҳамчунон аз воқеъиятҳои рӯзмарраи кишвар аст. Ва ин маворид маъмулан таҳқиқ намешавад. Бисёре аз афрод, дар воқеъ, метарсанд, ки мавориди бадрафторӣ ва шиканҷаро гузориш кунанд. Зеро онҳо умедвор нестанд, ки ин маворид пайгирӣ ва таҳқиқ шавад ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки озордиҳандагонашон аз онҳо интиқом бигиранд. Ва онҳо ҳич ғаромат ё ҷубронпулӣ дарёфт намекунанд.

РО: Вале оё шумо далеле доред, ки ин мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ бо ҷанг алайҳи терруризм иртиботе дорад? Шояд ҳам ин мавридҳо ба худии худ аз қабл сурат мегрифтанду ҳоло ҳам ҷараён доранд?

АБ: Бале, ман мутмаиннам, ки ин маворид бидуни иртибот бо ҷанг алайҳи терруризм нест. Албатта, мавриди Тоҷикистон то андозае печидатар аст ва шояд онро битавон ҳамкории Тоҷикистон дар заминаи ҷанг алайҳи терруризм унвон кард. Ҳамкорӣ дар заминаи истирдод ё баргардондани мазнунон ба терруристӣ ба кишварҳояшон. Ва он кишварҳо умдатан узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ҳастанд. Кишварҳое ба монанди Узбакистон, Чин ва Русия аз аъзои ин созмонанд. Истирдоди мазнунон ба ин кишварҳо тавассути Тоҷикистон метавонад мунҷар ба шиканҷа ё ҳатто эъдоми он афрод шавад. Кишварҳои узви СҲШ паймонҳое бастаанд, ки бар мабнои он афроди мазнуну муттаҳамро ба ҳамдигар мустарад мекунанд. Ба вижа дар пайи ҳаводиси соли гузашта дар Андиҷон давлати Узбакистон дастури боздошти шуморе аз шаҳрвандонашро додааст, ки дар хориҷ ба сар мебаранд.

РО: Вале боз ҳам барои ман равшан нашуд, ки шумо чи пайвандеро миёни шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониён дар Тоҷикистон ва ҷанг алайҳи терруризм мебинед.

АБ: Бо як нигоҳ ба чанд мавриди истирдодҳои инчунинӣ мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд, ки онҳо бо ҷанг алайҳи терруризм иртибот доранд. Масалан, аъзои Ҳизб-ут-таҳрир, ки дар Тоҷикистон боздошт ва шиканҷа шудаанд, шомили қишри осебпазире мешаванд, ки таърифи васеъе аз мафҳуми "ҷанг алайҳи терруризм" онро ба вуҷуд овардааст. Зеро давлатҳои Осиёи Миёна ба баҳонаи таъмини амнияти миллии кишварҳояшон даст ба саркӯби мухолифонашон задаанд. Ва ин сӯиистифода аз фурсат аз 11 сентябри соли 2001 то кунун идома дорад. Аз ин ҷост, ки теъдоди ҳар чи бештари афроди мазнун ба узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир ё дигар гурӯҳҳои исломӣ дар Тоҷикистон боздошт мешаванд.
XS
SM
MD
LG