Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши занони форсизабон дар Душанбе


Роҳҳои боло бурдани мақому манзалати зан дар ҷомеъа, ҳузури онҳо дар сиёсат, иҷтимоъ, дар мансабҳои давлатӣ мавзуъҳои ҳамоиши занони се кишвари форсизабон буд, аммо масоили марбут ба хушунати зан мавзуъи калидии ин нишаст буд. Раҳбари ҳайтаи занҳои эронӣ Заҳрои Ташаккур зимни суханронии худ дар ин ҳамоиши гуфт, ҳарчанд кишварҳои форсизабон, вижагиҳои хоси худро доранд, аммо бархе аз мушкилоте дар зиндагии занҳои ин се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг вуҷуд дорад, ки роҳи ҳалли онҳоро дар ҳамбастагӣ метавон пайдо кард.

"Мушкилоти яксони занҳои Афғоистон, Эрон ва Тоҷикистон ба монади фақр ва ҳузури ками мо дар сиёсат ва тиҷорат шабеҳи ҳам мебошанд ва ман фикр мекунам бояд якҷоя роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо кунем".

Ойниҳол Бобоназарова-ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик мегӯяд, баргузории чунин як ҳамоиш аз нахустин гомҳое мебошад, дар роҳи ҳамбастагии занҳои кишварҳои форсизабон ва ҷустуҷуву дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти умдаи ҳаёти занҳои ин кишварҳои ҳамзабон:

"Ман ин ҳамоишро фоли нек мебинам ва фикр мекунам, дар рӯзҳои дигари ҳамоиш боз ҳам аз дардҳои ҳамдигар бештар огоҳ мешавем як стратегияи ҳамкориҳоро ҳадди аққал барои 5 сол омода мекунем".

Хонум Ҳанифӣ-сарвари ҳайати занҳои Афғонистон ба ёдоварӣ аз паёмадҳо ва мушкилоти зиёди ҷанги беш аз 20 сола дар ин кишвар, ба вижа дар ҳаёти занҳо гуфт, ихтилофҳои қавмиву нажодӣ, таъасуби мазҳабӣ ва хурофот дар пешбурди зиндагии занҳо аз ҷумла дар таҳсил, ҳузури чашмраси эшон дар сиёсат тиҷорат ва вазифаҳои масъул монеъа эҷод мекунад:

"Ба назари ман мардсолорӣ дар хонавода ва ҳам дар ҷомеъа, даст надоштани занҳо дар қонунгузории мамлакат, ҳуқуқ ва иҷтимоъ яке аз жарфтарин муштаракоти мо мебошад".

Хонум Ҳанифӣ афзуд, бо ҳама мушкилоти ҳаёти занҳо,талошҳои созандаи занҳои афғон дар самтҳои мухталифи ҷомеъа хеле чашмрас мебошад. Вай ба таври мисол гуфт, ҳузури занҳои афғон дар порлумони кишвар беш аз 60 дар сад будааст, ки ин нисбат ба Тоҷикистон ва Эрон чанд баробар зиёд мебошад. Ба гуфтаи хонум Ҳанифӣ, ҳамчунин дар Афғонистон як зан дар мақоми вазир фаъолият дорад. Ойниҳол Бобоназарова-ҳуқуқшиноси тоҷик дар робита ба ин чунин ибрози назар кард:

"Қонунҳои Тоҷикистон, ки барои боло бурдани мақому манзалати зан ба тасвиб расидаанд албатта хубанд, аммо чаро занҳо танҳо муовин бошанд? Сабаб ин аст, ки мо занҳо аз ин қонунҳо истифода карда наметавонем".

Марям Давлатова коршиноси мустақил дар робита ба бардошти худ аз ҳамоиши занҳои кишварҳои форсизабон гуфт:

"Шояд дар масъалаи қонунузориҳо мо тоҷикон аз ирониҳо пештар рафта бошем, аммо иҷрои қонунҳо дар мо он қадар заиф мебошанд, ки бояд инро аз эрониҳо биомӯзем. Аммо дар масъалаи занҳои афғон ҳоло қазоват кардан барвақтар аст, зеро ба назари ман ҳузури зиёди занҳо дар сиёсат ба таври сунъӣ сурат мегирад."

Занҳои кишварҳои форсизабон, тасмим гирифтанд, ки натоиҷи ин ҳамоишро ба порлумони кишварҳои худ пешниҳод кунанд ва ҳамчунин соле як маротиба дар яке аз кишварҳои форсизабон ба ҳам оянд.
XS
SM
MD
LG