Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳс сари як китоби исломӣ дар Тоҷикистон


Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои ин кишвар китоби таҳти унвони «Ақидаи исломӣ барои наврасон»-ро пас аз интишор дар яке аз чопхонаҳои Душанбе аз фурӯш боздошт. Дар Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳақиқат ин китоб иҷозаи фурӯш надорад ва сабаби ин вуҷуди чанд ихтилоф бо мазҳаби Имоми Аъзам, Абӯ Ҳанифа (р) мебошад, ки аксари кулли мардуми Тоҷикистон пайрави онанд. Ҳамчунин, Шаҳобиддини Солеҳ, мударриси Днишгоҳи исломӣ ва мутарҷими ин китоб аз донишгоҳ хориҷ карда шудааст. Шаҳобиддини Солеҳ мегӯяд, аслан, ин китоб моли яке аз уламои Ислом, Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ мебошад ва сесад сол қабл навишта шудааст. Шаҳобиддини Солеҳ ин китобро ба забони тоҷикӣ ва бо ҳуруфи кирилӣ баргардон кардааст. Шаҳобиддин Солеҳ мегӯяд, барои баъзе аз нукот дар ин китоб ӯро ба ҷараёнҳои дигари исломӣ: салафия ва ваҳҳобия нисбат додаанд ва ин ҳама боиси аз донишгоҳ хориҷ шудани ӯ шудааст. Аммо Тоҳири Сафар, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, бидуни баррасии ҳамаҷониба ва ташкили мунозира бо исломшиносони бетараф аз фурӯш боздоштани китоб ва аз донишгоҳ хориҷ намудани мударрис амали нодуруст мебошад. Дар ҳоли ҳозир, тарҷумони китоби «Ақидаи исломӣ барои наврасон», устоди ҳамакнун собиқи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мехоҳад, бо ширкати намояндагони Шӯрои уламо ва Донишгоҳи исломӣ ва бо ҳузури исломшиносони мустақил мунозира созмон дода шавад, то ин ки вай тавонад, мунсифона аз нукоти баҳсбарангези китоб дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG