Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Ҳизби Сотсиалист


Мирҳусейн Назриев-раиси яке аз ҷиноҳҳои Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон аз роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар хостааст бо ташкили як камиссиюни вижаи байниҳизбӣ ихтилофи мавҷуд дар дохили ин ҳизбро таҳқиқ бикунад. Оқои Назриев гуфт, вай мутмаъин аст, ки эҷоди рахна дар дохили ин ҳизб ва ташкили ҷиноҳ таҳти роҳбарии Абдуғаффор Ҳалимов бо дастгирӣ ва ҳидояти доираҳои муайяни ҳукумат сурат гирифта, заминаи ҳуқуқӣ надорад. Вай афзуд рахна дар дохили ҳизби вай дар арафаи интихоботи порлумонии кишвар соли гузашта сурат гирифта буд ва бо наздик шудани замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имкони такрори чунин ҳаводис бо аҳзоби дигари мухолифи давлат аз эҳтимол дур нест. Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Давлатов-муовини раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон аз ин иқдоми раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Сотсиалист ҷонибдорӣ накард. Вай афзуд, мушкилоти Ҳизби Сотсиалист як мушкили дохилии ин ҳизб аст ва ба ин моҷаро кашонидани аҳзоби дигар дуруст нахоҳад буд.Аммо Раҳматулло Валиев -муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ташкили як чунин камиссиюни вижаи байниҳизбӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи ихтилофи дохилии Ҳизби Социалист қобили дастгирист ва аҳзоби дигар бояд онро ҷонибдорӣ кунанд. Дархости ташкили камиссиюни вижа ҷиҳати омӯзиш ва таҳқиқи моҷарои дохилии Ҳизби Сотсиалист аз сӯи Мирҳусейн Назриев дар ҳоле сурат мегирад, ки ба таъйиди ӯ муроҷиатҳои пай дар паи вай ба ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати арзёбии заминаҳои ҳуқуқии ихтилоф натоиҷи мусбат ба бор наовардааст. Оқои Назриев бар ин назар аст,ки ташкили камиссиюни байниҳизбӣ имкон медиҳад, ҷомиа аз ҳақиқати ихтилофи мавҷуд ва омилони аслии ин моҷаро маълумоти саҳеҳ ва воқеӣ пайдо кунад.


Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG