Пайвандҳои дастрасӣ

Черногория:Роҳ ба суи Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО боз шуд


Мило Дюканович-нахуствазири Черногория ё Монтенегро мегуяд, кишвараш омода аст, барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО талош кунад. Ин дар ҳолест, ки рузи якшанбе 55,4 дарсади аҳолии ин кишвар ба ҷонибдории истиқлоли Черногория аз Сербистон дар райпурсии рузи якшанбе рай доданд. Оқои Дюканович гуфт, вай хушҳол аст, ки баъд аз Румониву Булғористон ва Хорватия кишвари дигаре, ки аз ин минтақа ба узвияти ин ду созмон пазируфта мешавад, Черногория хоҳад буд. Оллӣ Реҳн-кумиссари тавсеъаи Иттиҳодияи Аврупо низ изҳор дошт, баъд аз райпурсии муваффақона вай мехоҳад ба Черногория узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро пешниҳод кунад. Реҳн дар Бруксел гуфт, ки ба кишвари нави Балкан пешниҳод мекунад, барои наздик шудани муносибот музокира анҷом бигирад, то роҳ ба суи узвият ҳамвор шавад. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, бар натоиҷи райдиҳии рузи якшанбе барои таъйини истиқлоли Черногория эҳтиром мегузорад ва аз ҳамаи ҷонибҳои зидахл хост, ки дар ин бора тасмими заруриро бигиранд. Вазири хориҷаи Руссия низ гуфт, кишвараш ба натиҷаҳои райпурсӣ эҳтиром қоил аст.
XS
SM
MD
LG