Пайвандҳои дастрасӣ

ГУАМ созмони байналмилалӣ шуд


Руасои ҷумҳури Гурҷистону Укроин ва Озарбойҷону Молдова зимни мулоқоти худ дар Киев-пойтахтаи Укроин гуруҳи ГУАМ-ро ба гуруҳи байналмилалӣ табдил доданд. Ин гуруҳ акнун Созмон барои Демократия ва Рушди Иқтисодии ГУАМ ном гирифт. Дар дидори Киев Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон, Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин, Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Влодимир Воронин-раиси ҷумҳури Молдова эъломияе ба имзо расонданд ва дар зимн хостори ҳамкорӣ дар таъмини демократия ва амнияту субот шуданд. Созмони нав барои узвият дари худро бар руи кишварҳои дигар боз нигоҳ медорад. Мақарри ин созмон дар шаҳри Киев ҷой гирифтааст. Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин ҳамчунин гуфт, руасои ҷумҳури кишварҳои узви ин созмон розӣ шудаанд, ки минтақаи озоди тиҷоратӣ иҷод кунанд. Вай гуфт, бовар дорад, ки кишварҳои ин созмон дорои захоири зиёд ҳастанд ва дар Аврупои муосир мавқеъи умда хоҳанд дошт. Ин масъала ҳам ба тарҳҳое дар заминаи энерживу нақлиёт ва ҳам ба амният иртибот дорад. Гуруҳи ГУАМ соли 1997 ташкил шуда буд. Узбекистон соли 1999 ба узвияти ин гуруҳ даромад, вале соли 2005 аз он хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG