Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душвориҳои муҳоҷирин бидуни бимаи тиббӣ дар Русия


Тақрибан 90 дар сади муҳоҷирини кории Тоҷик дар Русия бимаи тиббӣ надоранд. Ба ҳамин далел онҳо имкон надоранд, ки дар бемористонҳои Русия худро муъолиҷа бигиранд. Вақтҳои ахир мақомоти Руссия масъалаи муҳоҷирати ғайриқонуниро ҷидӣ гирифтаанд. Ба назари баъзе аз сиёсатмадорони Русия муҳоҷире, ки бимаи тибӣ надорад ва молиёт пардохт намекунад, ғайри қонунӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар ҳолест, ки Зокир Вазиров- вазири кор ва таъминоти иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари ахираш ба Русия гуфта буд, ки ин мавзуъро бо вазири беҳдошт ва масоили иҷтимоъии Русия ҳал кардааст.

«Ин санадро Русия бо мо бояд имзо кунад. Бар зами ин ҳозир мо дар ҳаҷми 95 дар сад созишномаеро оиди таъсиси биржаи муҳоҷирати кории байни Тоҷикистон ва Русия омода кардаем, яъне, ки 50 дарсадаш бар зимаи Тоҷикистон ва 50 дарсади дигараш бар зимаи Русия, яъне барои пурра қонунӣ кардани муҳоҷирати кории шаҳрвандони мо дар Русия».

Сад дарсади муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар бозорҳои Русия кор мекунанд, бимаи тибӣ надоранд. Дар муроҷиат ба пизишк ва бемористонҳои Руссия ба мушкилот ру ба ру ҳастанд.
Кишвар Музафаров сокини ноҳияи Ёвони Тоҷикистон дар ин бора чунин гуфт:

« Агар ба табибони Русия муроҷиат кунӣ ҳеч кас нигоҳ намекунад. Барои табобати худ меравем ба дорухона дору мехарем ва худро табобат мекунем. Мо назди пизишкони Русия рафта будем, вале онҳо моро ҳатто нигоҳ накарданд. Пизишкони Русия мегуянд, ки шумо сабти иқомат ва бимаи тиббӣ надоред, ба ҳамин далел мо шуморо наметавонем табобат кунем. Ҳамаи мардуми Тоҷикистон дар Русия аз маҷбурияти худ омадаанд. Агар дар ватани худ барои мо маоши хуб бедиҳанд ба Русия ҳеҷ кас немеояд».

Ба гуфтаи Фатҳиддин Мирзоев- муҳоҷири дигар аз Душанбе номнавис шудан дар идораҳои пулис имкон намедиҳад, ки бимаи беҳдоштиро низ дарёфт кунанд.

«Бемор мешавем назди пизишкон меравем, пизишкон ба мо даво менависанд, пулашро ҳам мегиранд, бо ҳамин тамом, боз ба хона бармегардем ва худро дар хона табобат мекунем. Муҳоҷири кориро дар бемористонҳои Маскав бистарӣ намекунанд. Пулис ҳам вақте, ки дастгир мекунад, пулҳои моро мегирад, агар пул надошта бошем, бурда ҳабс мекунад ва мегуяд, ки хешу таборатро занг зан, ки онҳо пул биёранд. Агар сабти иқомат кунем, пулиси Маскав онро медаронад, мегуяд, ин санади қалбакист».

Порлумони Русия тасмим гирифтааст қонуни ҷадидеро дар бораи муҳоҷират тасвиб кунад. Тибқи ин қонун қарор аст муҳлати муҳоҷират аз 3 моҳ то 6 моҳ тамдид шавад ва касе иҷозати кор дорад метавонад як сол дар Русия бимонад, ба шарте, ки молиёт супорад ва бимаи беҳдоштӣ бигирад. Дар сурати ғайр ин муҳоҷирон ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд ва мумкин аст онҳоро аз Русия ихроҷ кунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG