Пайвандҳои дастрасӣ

Як гург дар як шаб нӯҳ нафарро захмӣ кард


Дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷакент нӯҳ сокини ин ноҳияи шимолии кишвар аз захми дандони гург муолиҷа мегиранд. Ҳафтаи гузашта ҳамаи ин нӯҳ сокини деҳаи Дашти Қозии ҷамоати Ёрӣ дар як шаб мавриди ҳамлаи як гург қарор гирифтаанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар дод, миёни ин захмиҳо се зан ва як наврас ҳаст. Айни ҳол, вазъи сиҳҳатии захмиён хуб арзёбӣ мешавад ва гуфта мешавад, ба ҷони онҳо хатаре таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG