Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи муҳими нахуствазири Ироқ


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Комил Ал Моликӣ рӯзи душанбе гуфт, нерӯҳои кишвараш бояд то поёни имсол масъулияти амният дар бахшҳои зиёди кишварро ба ӯҳдаи хеш бигиранд. Дар шаҳри Бағдод зимни нишасти муштараки хабарӣ бо Тонӣ Блейр нахуствазири Бритониё, Ал Моликӣ гуфт, тибқи созишномаҳои мавҷуда, нерӯҳои амрикоӣ сар аз моҳи июн масъулияти ҳифзи амнияти вилоятҳои Самово ва Амораро ба ихтиёри нерӯҳои ироқӣ вогузор хоҳанд кард. Ба гуфтаи Ал Моликӣ, то поёни имсол аксари вилоятҳои Ироқ ба ҷуз аз шаҳри Бағдод ва вилояти Анбор таҳти идораи нерӯҳои маҳаллӣ қарор мегиранд.
Тонӣ Блейр нахуствазири Бритониё дар ин ҳамоиш эътироф кард, ки пас аз ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 бозсозии ин кишвар назар ба он чӣ ки интизор доштанд, "тӯлонитар ва сахттар" будааст. Тонӣ Блейр афзуд, дигар барои ягон гурӯҳ баҳонае намондааст, ки маъракаи терорро дар Ироқ идома диҳад: "Муҳимтарин чиз ин аст, ки Ироқ бори нахуст соҳиби ҳукумати ваҳдати миллӣ шуд, ки фаротар аз ҳамаи марзҳову ихтилофот аст. Ин ҳукумат чаҳор сол маъмурият дорад ва мустақиман бо раъйи миллионҳо мардумии оддии Ироқ интихоб шудааст."
Ҳукумати нави Ироқ пас аз панҷ моҳи интихоботи порлумонӣ рӯзи шанбе 20 май қасам ёд кард.
XS
SM
MD
LG