Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 9 то 19 сол ҳукми зиндон - барои ҳамкорӣ бо ҲИУ


Додгоҳи вилояти Суғд дар рӯзи душанбеи 22 май 6 сокини ин устон ва як сокини Русияро бо ҷурми мансубият ба ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ва тарҳрезии амалиёти тахрибкорона дар қаламрави Тоҷикистон аз 9 то 19 сол ба зиндон маҳкум кард. Ҷӯрабек Шеров - додраси додгоҳи Суғд зимни эълони ҳукм гуфт, ки ин нафарон шомил ба як дастаи мансуб ба ҲИУ буда, тибқи 7 банди асноди ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ муҷрим шинохта шудаанд. Ба гуфтаи вай, аз манзили як маҳкум дар шаҳри Хуҷанд 1 адад силоҳи Калашников бо 30 дона тир дарёфт ва мусодира шудааст, ки ба сокини маҳбуси Русия тааллуқ доштааст.

Боздошти ин шашгона дар моҳи сентябри соли 2005 аз ҷониби кормандони интизомиву амниятӣ ва додситонии Суғд дар Хуҷанд сурат гирифта буд. Тафтишоти қаблии ин парвандаро додситонии Суғд анҷом додааст. Ба гуфтаи Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд ин афрод мақсади пиёда кардани амалиёти тахрибкорӣ дар қадламрави Тоҷикистон доштаанд: «Роҳбари бевоситаи ин гурӯҳ шаҳрванди ҷумҳурии Узбакистон Ҷумъабой Ҳоҷиев, як намояндаи собиқи Ҷумъаи Намангонӣ (сарвари пешини ҲИУ - РО) мебошад. Ин нафар дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо шиносномаи Тоҷикистон ба сар мебурд, аммо вақти шуруъи амалиёти ҷустуҷӯӣ аз маҳали зисти худ ҳамроҳи аҳли байташ фирор кардааст. Як ифротгар аз ин гурӯҳ ҳангоми бозпурсӣ гуфт, ки мақсади онҳо ба роҳ мондани амалиёти харобкориву вайронкунӣ дар ҳудуди қаламрави Суғд мебошад. Аммо онҳо нагуфтанд, ки мақсади гузаронидани чунин амалиётҳо дар қаламрави Узбакистонро ҳам доранд.»

Додситонии Суғд ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар минтақаи Лакони Исфараро, ки 4 шаҳрвандони Тоҷикистонро кушта бар ҷой гузошт, низ амалиёти созмонёфта аз ҷониби дигар аз афроди мансуб ба ҲИУ медонад.

Аммо вакилони мудофеъ ва пайвандони зиндонишудагон ҳукми додгоҳи Суғдро нисбати 6 маҳкумшуда ғайриодилона хонданд. Ба гуфтаи онҳо, тафтиши қаблӣ ва бозбинии парванда дар додгоҳ бо нақзи ҳуқуқи маҳкумшудагон сурат гирифтааст: «Инҳо худашон ҳам дар додгоҳ гуфтанд, ки онҳо ягон хел террорист ё аъзои гурӯҳи тундрав нестанд. Маҷбуран, бо роҳи азобу шиканҷа додан ин гуна гуноҳҳоро ба сари онҳо бор кардаанд.»
«Гӯё як - ду намояндаи дастаи Ҷумъаи Намангонӣ аз Узбакистон ба Хуҷанд омада, аз тарафи инҳо кӯмак дида бошанд. Аммо дар ин бора додгоҳ ягон хел факти аниқ ва исбот пешниҳод накард. Як шоҳид оварданд, ки вай ҳам ин гапро тасдиқ накард.»
Вакилони дифоъи зиндонишудагон гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳи Суғд ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG