Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ангела Меркел ва нигарониҳои иронии вай


Бомдоди душанбе (22 май) Ангела Меркел, дар ҳоле ки бо Вен Ҷиабао, нахуствазири Чин ба таври ғайримунтазира дар як порки Пекин ҳозир шуд ва оромона қадам мезаду ба ҳаракоти мавзуну ороми варзишии тай чии мардуми одии пойтахти Чин нигоҳ мекард, мавзӯъоти доғу тундеро бо мақоми баландпояи чинӣ дар миён мегузошт. Ба монанди мавзӯъи ҳуқуқи башар дар Чин, ки дар гузашта низ асбоби нигаронии Ангела Меркел буд. Вай қабл аз ин ки зимоми умурро дар Олмон ба даст бигирад аз талошҳо барои лағви таҳрими таслиҳотии Иттиҳодияи Урупо алайҳи Чин интиқод карда буд. Дар поёни ин суҳбати бомдодӣ ӯ гуфт, ки дар наҳваи баррасии масоили марбут ба ҳуқуқи башар аз сӯи мақомоти чинӣ шоҳиди навъе "сароҳат (ошкоргӯӣ)-и физоянда" шудааст. Вай афзуд, ки аҳамияти риъоти ҳуқуқи башарро барои мақомоти Чин равшан кардааст.

Дар ҷараёни гуфтугӯи расмӣ бо оқои Вен садри аъзами Олмон масоили дигарро низ дар миён гузошта ва аз ҷумла аз нахуствазири Чин ин қавлро гирифтааст, ки Пекин муборизаи худ алайҳи тақаллуби колоро шиддат хоҳад бахшид ва дар оянда бо Олмон дар заминаи энержӣ низ ҳамкорӣ хоҳад кард. Соли гузашта ҳаҷми ҳамкориҳои бозаргонии миёни Чину Олмон ба беш аз 63 милёрд дуллор расид ва Олмонро бузургтарин шарики бозаргонии Чин дар Иттиҳодияи Урупо сохт. Интизор меравад тайи ду рӯз дидори Ангела Меркел аз Пекин ва Шонгҳой ҳудуди 20 қарордоди бозаргонии дигар ба имзо бирасад.

Афзун бар масоили сирфан дутарафа, яке аз мавзӯъоти меҳварии гуфтугӯҳои садри аъзами Олмон бо Вен Ҷиабао, нахуствазир ва Ҳу Ҷинтао, раисиҷумҳурии Чин масъалаи буҳрони ҳастаии Ирон буд. Ангела Меркел пас аз гуфтугӯ бо Вен Ҷиабао гуфт, ҳар ду кишвар бар сари ин мавзӯъ иттифоқи назар доранд, ки Ирон набояд ба ҷангафзори ҳастаӣ даст ёбад. Вай ба хабарнигорон гуфт:

"Чин ва Олмон бар ин боваранд, ки ин мушоҷира бояд аз роҳи диплумотик ҳаллу фасл шавад ва набояд ба Ирон иҷоза дод, ки ба силоҳҳои ҳастаӣ даст ёбад ва Ирон бояд эътимоди байнулмилалиро дубора ба даст оварад".

Аммо бону Меркел ҳич ишорае накард, ки оё бо мақомоти чинӣ бар сари наҳваи водоштани Ирон ба таълиқи барномаи ҳастаиаш ба тавофуқе расидаанд ё на. Қудратҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки ҳадафи ниҳоии Ирон аз барномаи ҳастаиаш тавлиди силоҳи ҳастаист ва барои водоштани Ирон ба таълиқи барномаи ҳастаиаш онҳо дар пайи тадбирҳои сахттаре ба монанди эъмоли таҳримҳо алайҳи Ирон мегиранд. Дар ҳоле ки Чину Русия, ду кишвари соҳиби ҳаққи вету дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо иттихози чунин тадбирҳое мухолифат кардаанд. Мақомоти олмонӣ қабл аз сафари Ангела Меркел ба Пекин ҳам гуфта буданд, ки мехоҳанд Чинро бештар аз ин даргири ҳалли буҳрони ҳастаии Ирон бибинанд.

Ба назар мерасад Олмон, ки аз ҳаққи вету бархурдор нест, талош мекунад бо диду боздидҳо бо мақомоти қудратҳои дорои ҳаққи вету дар ин маврид иттифоқи назаре иҷод кунад. Ҳафтаи гузашта Ангела Меркел дар Вошингтун бо Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико дидор дошт ва паёми ӯ ба давлати Иёлоти Муттаҳида ин буд, ки беҳтарин роҳи водоштани Ирон ба таълиқи фаъъолиятҳои ҳастаиаш диплумосии шикебо ва гом ба гом аст, ки шомили гуфтушунуди мустақими Вошингтун бо Теҳрон низ мешавад. Як ҳафта қабл аз он бону Меркел бо Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия низ дидор дошт ва талош кард мавзеъи Русияро ба мавзеъи Урупо наздиктар кунад.

Аз сӯи дигар, подармиёнии байнулмилалии Ангела Меркел барои ҳалли буҳрони ҳастаии Ирон ва талошҳои вай барои таъдили назарҳои мутафовити раҳбарони ҷаҳон дар ин бора ба ин физикдони Олмони Шарқии собиқ эътибори байнулмилалии қобили мулоҳизае додааст. Ба бовари соҳибназарон, Ангела Меркел дар айни рафоқату наздикӣ бо Вошингтун ҳамвора кӯшидааст, ки Омрикоро ба ҳалли мусолиматомези қазияи ҳастаии Ирон мутақоъид кунад. Оянда нишон хоҳад дод, ки ин талошҳои бону Меркел то куҷо корсоз будааст.
XS
SM
MD
LG