Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон масоили марзӣ бо Тоҷикистонро "мушкилзо" меномад


Раҳбари хадамоти марзбонии Қирғизистон Мирзохон Субҳонов бидуни ҳалл барҷой мондани масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро як масъалаи мушкилзо дар роҳи таъмини ҳифозати марзҳои Қирғизистон номид. Оқои Субҳонов бо ишора ба даргирие, ки дар минтақаи Лакони ноҳияи Исфараи Тоҷкистон дар марз бо Қирғизистон иттифоқ уфтод, гуфт, тақрибан 1000 километр тӯли минтақаҳои марзӣ ба қадри кофӣ ҳифозат намешаванд. Ба эътиқоди раҳбари хадамоти марзбонии Қирғизистон, он кишвар ҳатто дар сурати сарфи ҳифозати марз кардани тамоми будиҷаи давлатӣ қодир ба таъмини ҳама 4 500 километр тӯли марзҳояш нахоҳад шуд.

Мирзохон Субҳонов хатари такрори ҳамалоте назири ҳамлаи рӯзи 12 майро дар марзҳои Қирғизистон сарфи назар накард. Ба ақидаи вай, ҳадафи тундравон аз анҷоми чунин ҳамлаҳо, ба ҳам задани субот дар Қирғизистон аст, вале ин, ба гуфтаи оқои Субҳонов, дигар масъалаи сиёсист.

Ҳамлаи рӯзи 12 май ба посгоҳи марзии Лакон, ки баъдан доманаш ба қаламрави Қирғизистон кӯчид, дар маҷмӯъ, ба таъйиди мақомоти Душанбву Бишкек, дар ҳарду тарафи марздасти кам 12 нафарро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG