Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои сангин дар Панҷвойи Қандаҳор


Теъдоди ҷангиёни кушташудаи толиб дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар ҷануби Афғонистон ба 80 нафар расидааст. Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои эътилоф то кунун хабари кушта шудани танҳо 20 ҷангии толибро дар асари ин ҳамла таъйид кардаанд.

Асаддулоҳ Холид, волии вилояти Қандаҳори Афғонистон гуфт, ҳамлаи ҳавоии шаби гузаштаи нирӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба як пойгоҳи Толибон дар улусволии Панҷвой, воқеъ дар ҷанубу ғарби Қандаҳор мунҷар ба ҳалокати 60 ҷангӣ ва 16 нафари ғайринизомӣ шудааст. Шоҳидон мегӯянд, чархболҳои низомӣ мадрасаеро, ки ҷангиёни толиб баъди як ҳафтаи даргириҳои сангин дар он паноҳ бурда буданд, таҳти ҳамла қарор додаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҷангиёни толиб дар пайи ин ҳамла дар манзилҳои атроф паноҳ ҷустаанд, вале чархболҳо ҳамла алайҳи онҳоро ҳамчунон идома додаанд.

Нирӯҳои Амрико таъйид кардаанд, ки ҳадафи ин ҳамлаи ҳавоӣ як пойгоҳи қавии ҳаракати Толибон дар ин минтақа буд. Вулусволии Панҷвой, воқеъ дар 25-километрии шаҳри Қандаҳор як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргириҳои шадиди нирӯҳои муштараки амниятии Афғонистон ва эътилофи байналмилалии зиддитеррор алайҳи ҷангиёни ҳаракати Толибон буд.
XS
SM
MD
LG