Пайвандҳои дастрасӣ

Суду зиёнҳои рушди тиҷорати хориҷии Тоҷикистон


Тайи 4 моҳи аввали соли равон маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба чизе бештар аз 2 миллиард сомонӣ ё худ 653 миллион доллар ва тиҷорати хориҷии кишвар ба ҳудуди 934 миллион доллар баробар шудааст. 70 дарсади тиҷорати хориҷиашро Тоҷикистон бо 5 кишвар - Ҳолланд, Туркия, Русия ва Узбакистону Қазоқистон анҷом додааст. 55 дарсади содироту воридоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷаи дур ва танҳо 45 дарсадаш бо кишварҳои муштаракулманофеъ сурат гирифтааст.

Таносуби тиҷорати хориҷӣ ҳамчунон манфӣ ва тақрибан 74 миллион доллар ба фоидаи воридоти мол боқӣ мемонад, вале дар ҳар сурат, ҳаҷми содироту воридоти Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали сол назар ба ҳамин давраи соли гузашта 42 дарсад рушд кардааст. Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, чунин афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ натиҷаи боло рафтани нархи фурӯши пахтаву алюминиум ва ҳам афзудани қимати хариди хокаи глинозём, ашёи хом барои тавлиди алюминиуми аввалия ва нархи газу нафт аст: "Мо аз ҳисоби фурӯши алюминиуми аввалия 318 миллион ва аз ҳисоби фурӯши пахта наздики 50 миллион доллар ба даст овардем. дар таркиби содироти Тоҷикистон алюминиум 74 дарсад ва пахта 12 дарсади дигарро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки саҳми меваҷоту сабзаҷот ва маҳсулоти консерва камтар аз 1 фоиз аст."

Коршиноси "Бозори Озодӣ" Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, 42 дарсад мизони рушди тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба сурати умум хабари мусбат аст, вале агар дар воқеъ ҳаҷми содирот афзуда бошад, на ин ки танҳо маблағи тиҷорати хориҷӣ аз ҳисоби танҳо боло рафтани нархи ҷаҳонии пахтаву алюминиум зиёд шуда бошад.

Бо ин ҳол, нархи ҷаҳонии пахтаву алюминиум дар ин як ҳафтаи охир як каме коҳиш ёфтааст. Дар поёни ҳафта 1 тонна алюминиуми навъи олӣ дар биржаи Ландан ба қимати 2680 доллар, яъне 15 доллар камтар аз аввали ҳафта ба фурӯш мерафт. Нархи миёнаи як тонна пахта дар бозори Маскав ҳам дар ин ҳафта 12 доллар коҳиш ёфта, ба 1304 доллар баробар шудааст. Аз сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон пурсидам, ки оё бахши аъзами кӯлабори содироти Тоҷикистонро то кай танҳо бо нахи пахтаву алюминиум пур мекунанд ва ҳам кишвар дар тиҷорати хориҷиаш оё кай даст ба таносуби мусбат хоҳад ёфт? Ғафурҷон Расулов гуфт, дар ҳоли ҳозир вазорати иқтисод тарҳи барномаи рушди иқтисоди содиротии кишварро барои давраи то соли 2015 таҳия мекунад, ки дар рӯзҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, Абдукарим Ҳикматов, муовини вазири саноати Тоҷикистон мегӯяд, тағйир ёфтани тартиби фурӯши нахи пахта ва боло рафтани қимати фурӯши он ба корхонаҳои дохилӣ боиси эҷоди мушкилоти наву ҷиддие дар роҳи фаъолияти корхонаҳои риштаи текстили кишвар шуда ва аз ҷумла корхонаи муштараки "Кобул Текстайлз" дар Хуҷанд аз фаъолият бозмондааст. Оқои Ҳикматов мегӯяд, корхонаҳои маҳаллӣ бар асоси тартиби нав ҳар тоннаи пахтаро назар ба ширкатҳои хориҷӣ 108 доллар гаронтар мехаранд.

Аммо Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати иқтисод мегӯяд, дар бисёри ҳолот тақсир аз сӯи худи корхонаҳои текстил аст, ки ба хотири сар тофтан аз пардохтани молиёт ҳаддалмумкин талош мекунанд, масрафоти худро бештару аммо фоидаҳои кори худро камтар нишон диҳанд. Оқои Расулов ба ин хотир таъсиси як ниҳоди вижаи масъули танзими тиҷорати хориҷиро дар Тоҷикистон лозим мешумурад.

Як роҳи аслие, ки ба хотири тағйир додани таркиби содироти кишвар ҳам мақомоти расмӣ, ҳам мухолифини давлат ва ҳам коршиносони умур пешниҳод мекунанд, даст кашидан аз содироти ашёи хому нимтайёр ва дар дохили Тоҷикистон ба роҳ мондани тавлиди маҳсулоти ниҳоист. Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, дар ҳеҷ сурат интихоби дигаре ба ҷуз аз рафтан аз ин роҳ вуҷуд надорад ва он мушкилоте ки ҳаст, ҳама рафъшавандаанд.

Соли гузашта Тоҷикистон 150 000 тона нахи пахта тавлид кардааст. Вале аз ин миқдор танҳо 12 000 тонна, ё худ 8 дарсадаш дар дохили кишвар коркард шуда, боқӣ ҳамаро дар шакли ашёи хом, яъне ҳамон нахи пахта ба хориҷ фурӯхтаанд. Ҳамин тавр, 97 дарсади тавлидоти корхонаи алюминсози Регар низ дар шакли алюминиуми аввалия ба кишварҳои хориҷӣ ва асосан ба Ҳолланду Туркия содир шудааст.
XS
SM
MD
LG