Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзиии футзолбозон ва нокомии футболбозони тоҷик


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футзоли Осиё, ки дар пойтахти Узбакистон, шаҳри Тошканд баргузор шуд, бар тими Ироқ бо натиҷаи 4:2 пирӯз шуд. Дар бозии дигари гурӯҳи «В» Ҷопон бар Ҳонгконг бо натиҷаи 12:0 ғалаба кард. Тимҳои Ҷопон ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ ва бо назардошти таносуби тӯбҳо дар ин гурӯҳ мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд. Дастаи Тоҷикистон дар дуввумин дидори худ бо тими Ҳонгконг ва Ҷопон бо Ироқ рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «С» Қирғизистон бар Австралия бо натиҷаи 5:1 ғолиб омада, дидори Кувайт бо Лубнон бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Тими Қирғизистон бо 3 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Дар гурӯҳи «D» тими Эрон дастаи Туркманистонро бо натиҷаи 14:0 ва Таиланд Индонезияро бо натиҷаи 8:4 шикаст доданд. Дар ҷадвали сабқати ин гурӯҳ Эрон дар ҷойи аввал ва Тайланд дар ҷойи дуввум мебошанд. Сабқати гурӯҳи «А» бо рақобатҳои тимҳои Узбакистон ва Малайзиё, Чин ва Тайван шурӯъ мешавад.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми раиси AFC -Конфедератсиони футболи Осиё аз дастаи «Дордой-Динамо»-и Норини Қирғизистон бо натиҷаи 1: 2 шикаст хӯрд. Ҳисобро дар дақиқаи 37-ум Элдар Амиров, ҳамлагари «Дордой-Динамо» боз намуд. Дар дақиқаи 8-уми қисми дуввуми бозӣ Соҳиб Сувонқулов ҳисобро баробар кард. Дастаи ғолиб дар вақти иловагӣ муайян шуд. Голи ҳалкунандаро низ дар дақиқаи 105-ум боз ҳам Элдар Амиров ба ҳадаф расонд. «Дордой-Динамо» бо Ҷоми раиси AFC ва 50 ҳазор доллар ва дастаи «Вахш» бо 25 ҳазор доллар сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG