Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финлонд-барандаи Евровижин


Шаби шанбе дар Афина-пойтахти Юнон озмуни 51-уми Евровижин барои таронаи беҳтарини Аврупо бо пирузии гуруҳи Лордии Финлонд ба поён расид. Ҳунармандони финлондӣ дар либоси ҳаюло ё аҳриманӣ ва ниқобҳои даҳшатовар дар саҳна зоҳир ва бо чунин саҳнасозӣ бар 23 рақиби худ пируз шуданд. Ин гуруҳи ҳунарӣ то ҳол бидуни ниқоб руи саҳна наомадааст ва ҳунармандон номи аслии худро ифшо накардаанд. Дима Билан-овозхони овозадори Руссия аз Қабардино Балқария бо таронаи худ ҷои дуввумро ба даст овард. Мақоми севвумро хонандаи Боснияву Ҳерзеговен Ҳарӣ Мата Ҳарӣ соҳиб шуд. Дар райдиҳии телефонӣ 38 кишвар ширкат доштанд ва таронаи дустдоштаи худ, яъне таронаи гуруҳи ҳунарии финлондро таронаи беҳтарини сол дар Аврупо интихоб карданд. Милёнҳо мухлис дар саросари ҷаҳон ҷараёни озмунро аз телвизюн ба таври мустақим тамошо мекарданд. Коршиносон мегуянд, ки дар озмуни Евровижин солҳои ахир ҳар чӣ бештар кишварҳои Аврупои Шарқӣ пируз мешаванд ва саҳнаро барои овозхонони Аврупои Ғарбӣ маҳдуд мекунанд. Аз ҷумла, баъд аз фурупошии Шуравӣ ва Югословӣ ҳудуди даҳ кишвар аз қаламрави собиқи ин ду кишвар дар ин озмун ширкат карданд. Солҳои 2001, 2002 ва 2003 дар ин озмун Эстонияву Латвия ва Укроин пируз шуданд. Соли оянда, яъне соли 2007 мизбони ин озмун Финлонд хоҳад буд. Имсол Афина ба ин хотир маҳали баргузории Евровижин интихоб шуд, ки соли гузашта овозхони юнонӣ дар Киев-пойтахти Укроин барандаи Евровижин шуда буд.
XS
SM
MD
LG