Пайвандҳои дастрасӣ

Фуруди "Мираж"-ҳои фаронсавӣ дар Душанбе


Бино ба иттилоъи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон се адад ҷангандаи тамғаи «Мираж»-и нерӯҳои ҳавоии ин кишвар, шоми рӯзи ҷумъаи 19 май дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба замин нишастанд. Жером Малард вобастаи низомии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт қабл аз нишасти ҷангандаҳои фаронсавӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе субҳи рӯзи ҷумъа як гурӯҳи тозаи 200 нафараи низомиёни ин кишвар низ вориди Тоҷикистон шудааст. Оқои Малард гуфт ба ин гурӯҳ коршиносоне шомиланд, ки умури нигаҳдорӣ ва муроқибати фаннии ҷангандаҳои фаронсавиро дар Тоҷикистон ба ӯҳда хоҳанд дошт. Жерол Малард вобастаи низомии Фаронса дар Тоҷикистон афзуд: «То кунун мо дар Тоҷикистон ҳавопаймоҳои борӣ, аниқтараш ду адад ҳавопаймои борӣ доштем. Вуруди ҷангандаҳо дар маҷмӯъ теъдоди ҳавопаймоҳои моро дар ин кишвар афзоиш медиҳад. Бо ворид шудани се ҷанганда ва ҳудуди 250 нафар низомии дигари фаронсавӣ ба Тоҷикистон шумори умумии низомиёни мо дар ин кишвар то ба 400 нафар афзоиш меёбад»Оқои Малард илова кард, ки низомиён ва ҷангангандаҳои фаросавӣ дар чаҳорчӯби фаъолияти муштараки нерӯҳои Эътилофи байналмилалии зидди террор дар Тоҷикистон мустақар хоҳанд шуд ва ҳадаф аз ин ҳузур мусоидат ба амри интиқоли кӯмакҳои башардустона ва таъмини нерӯҳои фаронсавии мустақар дар Афғонистон бо куллия маводи зарурӣ мебошад.
Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон мегӯяд ҳузури ҷангандаҳо ҳамроҳ бо гурӯҳи нави низомиёни фаронсавӣ дар ин кишвар тулонӣ нахоҳад буд ва онҳо танҳо барои чаҳор моҳ дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Ин бори аввал нест, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷангандаҳои тамғаи «Мираж»-и Фаронса мустақар мегарданд. Соли гузашта дар остонаи интихоботи порлумонии Афғонистон шаш фарванд ҷангандаи тамғаи «Мираж»-и нерӯҳои ҳавоии Фаронса барои замони наздик ба чаҳор моҳ дар фурудгоҳи мазкур мустақар шуда буданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG