Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон


Дар Рӯзи дави миллӣ, ки 20 май дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор шуд, беш аз 100 ҳазор нафар афроди синну соли мухталиф ширкат карданд. Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати худ дар ин пойга ба Рӯзи дави миллӣ оғоз бахшида, масофаи 3 км -ро тай кард. Вай афзуд, пойгаи давандаҳо дар шаҳри Душанбе аз майдони «Дӯстӣ» шурӯъ шуда, дар ҳамин майдон ба поён расид. Ширкаткунандагони Рӯзи дави миллӣ дар давидан ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр рақобат карданд. Дар давидан ба масофаи 10 км варзишгарони маъруфи ин кишвар Аҷмал Амиров байни мардон ва Надима Мирзоева миёни занон аввалин шуда ба марра расиданд.
Сафар Боев, раиси Федератсияи варзишгарони маълули Тоҷикистон ва як тан аз ширкаткунандагони фаъоли ин чорабинии оммавии варзишӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз соли 1995 инҷониб дар чунин пойга иштирок карда, бо аробачаи барои маъюбон масофаи даҳ километрро тай менамояд.
Ғолибони пойга ва ширкаткунандагони фаъоли ин маърака, ки дар сатҳи баланд ҷараён гирифт, бо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ, тӯҳфаҳои кумитаи тадорукоти Рӯзи дави миллӣ ва сарпарастон сарфароз шуданд.

Ва хабари дигар. Аз 21 то 28 май дар шаҳри Тошканд мусобиқоти қаҳрамонии Осиё- 2006 дар риштаи футзoл баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби футзоли Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ҷопон, Ироқ ва Ҳонконг рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» Узбакистон, Чин, Тайван ва Малайзиё, ба гурӯҳи «С» Қирғизистон, Кувайт, Лубнон ва Австралия ва ба гурӯҳи «D» Эрон, Тайланд, Индонезия ва Туркманистон дохиланд. Тими Тоҷикистон дар нахустин дидори худ рӯзи якшанбеи 21 май бо дастаи мунтахаби Ироқ қувваозмоӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG