Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниқобҳоро дур афканед!


Рӯзи ҷумъа дар як маросим дар маҷмааи олимпиии Афина овозхони маъруфи юнонӣ Сакис Рувас ва хабарнигори юнонитабори амрикоӣ Мария Менунос натоиҷи райъдиҳии тамошобинони телевизионро эълон карданд. Овозхонҳои даҳ кишвар - Русия, Македония, Босния ва Ҳерцеговина, Литва, Финландия, Украина, Ирландия, Шветсия, Туркия ва Арманистон барои ширкат дар даврии ниҳоии озмун муваффақ шуданд. Тибқи анъана, дар даврии ниҳоии озмун чаҳор кишвари созмондиҳандаи Eurovision - Бритониё, Олмон, Испания ва Фаронса бидуни райъдиҳии пешакӣ ширкат мекунанд. Ҳамчунин намояндагони кишварҳое, ки дар озмуни соли гузашта даҳ ҷойи аввалро соҳиб шудаанд, иҷозаи иштирок дар даврии ниҳоии озмунро доранд.
Аз кишварҳои собиқ шуравӣ - гурӯҳи Cosmos аз Латвия, Дима Белан аз Русия, ЛТ Лимитед аз Литва, Тина Карол аз Украина ва барои нахустин бор намояндаи Арманистон Андрэ ҳаққи ширкат дар даври ниҳоии ин озмуни бонуфузро пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, озмуни навбатии Eurovision дар Афина боиси сару садои зиёде шудааст. Аз ҷумла, созмонҳои мазҳабии бархе аз кишварҳо аз ҳунарнамоии пешакии гурӯҳи Лордии Финляндия бо ниқобҳои даҳшатнок изҳори нигаронӣ кардаанд. Овозхон аз Хорватия Северина Вукович дар лаҳзаи охир маҷбур шуд, барои ҳунарнамоӣ таронаи дигарро интихоб кунад, зеро оҳанги таронааш бо таронаи овозхон аз Австралия қариб ки ҳамсон буд. Гурӯҳи Cosmos аз Латвия бошад, мехоҳад барои нахуст бор дар таърихи озмун бидуни истифода аз созҳои мусиқӣ ҳунарнамоӣ кунад. Меверин Феррер, овозхон аз Монако тасмим гирифтааст таронаеро бо лаҳҷаи мардуми таитӣ иҷро кунад ва ба ин васила эҳтироми худро ба фарҳанги зодгоҳаш намоиш диҳад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар озмуни Eurovision дар Киев овозхони юнонӣ Елена Папаризу пирӯз шуда буд.
XS
SM
MD
LG