Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падруд, хонаи бобоӣ?


Онҳо мегӯянд, аз манзилҳое, ки шаҳрдорӣ ба ивази хонаҳои эшон додаст, қонеъ нестанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати шаҳр ба сокинони ин манозил то 15 май мӯҳлат дода буд то хонаҳои нимавайронаву бидуни оддитарин шароити зисти худро тарк намоянд.
Ҳикоят Сулаймонова, сокини яке аз ин манзилҳо мегӯяд, хонаводааш аз 9 нафар иборат аст, аммо шаҳрдорӣ ба ивази ин манзил дар маркази пойтахт барояшон дар канори Душанбе як манзили ду ҳуҷрагӣ додааст. Аз нигоҳи ӯ, масъулини ҳукумат зимни додани манзилҳои анв дар баробари онҳо беадолатӣ кардаанд.
Сокинони кӯчаҳои Бохтар ва Шота Руставели аз он шиква доранд, ки ду рӯз пеш бо амри шаҳрдорӣ интиқоли барқ ба манзилҳои онҳо қатъ карда шуд ва онҳо наметавонанд барои атфоли худ чой ва таоми гарм омода кунанд.
Дар ҳамин ҳол Саъдулло Муҳиддинов, сарпарасти шӯъбаи манзили ҳукумати Душанбе дар сӯҳбати бидуни микрофон ба мо гуфт, ҳама сокинони манзилҳое, ки тибқи қарори шаҳрдорӣ тахриб карда шуданд, бо манзили зисти замонавӣ ва дорои тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин шудаанд, аммо бо сабабҳои барои ӯ норушан, бархе аз онҳо намехоҳанд ба он ҷойи нави зист куч банданд.
Мусоҳиби дигари мо мегӯяд, ҳарчанд мири Душанбе баъди шиносоӣ бо аризаи шикоятии сокинони манзилҳои мазбур аз масъулин дархост кардааст, ки дар чаҳорчӯби қавонини шаҳрвандӣ сокинони хонаҳои ҳамворшударо бо ҷойи зист таъмин кунанд, аммо ин дархост иҷро нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Зулфия Гулмаҳмадова, ҳуқуқшиноси Лигаи миллии занҳои ҳуқуқдони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

Дар сурате ки ин афрод барои гирифтани манзили дигар дар навбат наистодаанд ва манзилҳои бархе аз эшон ғайриқонунӣ сохта шудааст, эшон ҳуқуқи гирифтани манзили васеътарро надоранд.

Аммо сокинони ин кӯчаҳо мегӯянд, хонаҳои эшон қонунӣ бунёд шудаанд ва то имрӯз масъулини ҳукумати шаҳр боре ҳам онҳоро огаҳ накардаанд, ки хонаҳояшон ба нақшаи куллии азнавсозии пойтахт ворид шудааст ва бояд тахриб шаванд.
Сокинони ёздаҳ манзили аз сӯи ҳукумати Душанбе ҳамворгашта мегӯянд, онҳо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва, ниҳоят, ба бархе аз созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо шикоят бурдаанд, аммо ҳанӯз аз ҳеҷ яке аз ин ниҳодҳо посух нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG