Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости нави яҳудиҳои муқими Душанбе


Ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон мехоҳад бинои каниса дар канори бинои Қасри миллат дар маркази шаҳри Душанбе боқӣ монад. Ин ҳарфҳоро Валерий Давидов, раиси тозаинтихоби ҷамоаи яҳудиёни Тоҷикистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён дошт.
Вай афзуд, дар авоили ҳамин ҳафта сарроҳиби яҳудиёни Осиёи Марказӣ Абудовуд Гуревич ба пойтахти Тоҷикистон омад ва бо мақомоти зирабти Душанбе дар мавриди ҳалли қазияи канисаи яҳудиён мулоқот кард. Ба гуфтаи оқои Давидов, зимни ин дидор масъалаи таҷдиди танҳоканисаи яҳудиён дар ҳамон мавзее, ки қарор дорад, баррасӣ шуд ва роҳиби яҳудиёни Осиёи Марказӣ ба шаҳрдорӣ ваъда дод, ки ин каниса пас аз таҷдид ба яке аз биноҳои зеботарини маркази шаҳр табдил хоҳад ёфт ва аз ин рӯ ба кӯч додани он ниёзе нест.

Зимни мулоқот ингуна пешниҳод доштем, ки зарурат ба тахриби каниса вуҷуд надорад ва мо бинои онро бозсохт ва ба иншооти назди Қасри Миллат мутобиқ месозем. Аммо шарт ин аст, ки бино тахриб нашавад, чун ин бино як осори таърихист, 103 сол дорад ва мутобиқи дини мо, тахриби каниса гуноҳ аст, ин барои миллати мо фоҷиаи бузург маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, мо дар мавқеи худ устуворем ва талош мекунем, ки каниса дар ҷойи худ боқӣ монад.

Дар ҳамин ҳол Нуриддин Шамсиддинов, масъули идораи умури дини шаҳри Душанбе дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ин бино осори таърихӣ нест ва танҳо 57 сол қабл бунёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бинои канисаи яҳудиён дар ихтиёри ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аст ва барои истифодаи доимӣ ба ҷамъияти яҳудиён дода шудааст. Кумитаи дини шаҳри Душанбе тахриб шудани канисаи яҳудиёнро нақзи ҳуқуқи яҳудиён намедонад, чун барои сохтани бинои нави каниса ба онҳо аз мавзеи дигари шаҳр, кӯчаи ба номи Неъмат Қаробоев замин ҷудо шудааст. Мақомоти кумитаи сохтмон ва меъмории шаҳри Душанбе низ мегӯянд, қарори шаҳрдори Душанбе дар мавриди тахриби бинои танҳоканисаи яҳудиён, ки дар ҷойи он Қасри Миллат бунёд мешавад, бетағйир боқӣ мондааст.
Ва аммо яҳудиёни тоҷик тасмим гирфтаанд барои ҳалли ин масъала якҷо бо Кунгураи байналмилалии яҳудиёни бухорӣ, ки марказаш дар Исроил аст, дар мавриди бетағйир мондани мавзеъи каниса ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов муроҷиат кунанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG