Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамоаи яҳудиҳо мехоҳад канисаро бозсохт кунад


Абе Давид Гуревич, хохом ваё раввини Осиёи Марказӣ имрӯз бо масъулини шаҳрдории Душанбе мавзӯъи бунёди канисаи нави яҳудӣ дар пойтахти Тоҷикистонро баррасӣ кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ӯ ҳамчунин мавзӯъи бозсохти ягона канисаи яҳудиҳо дар Тоҷикистонро ба миён гузоштааст. Ба гуфтаи Валерий Давидов, раиси ҷамоаи яҳудиҳои Тоҷикистон, онҳо омодаанд ба хотири ба манзараи умумии бунёди Қасри миллат мутобиқ кардани каниса чӣ маблағе зарур бошад, пардохт намояд. Ӯ афзудааст, ки каниса ҷои муқаддас аст ва аз ин рӯ талош доранд, ки ин ибодатгоҳ дар мавзеъи феълияш боқӣ бимонад. Ба гуфтаи Валерий Давидов, дар мулоқот бо хохоми Осиёи Марказӣ Гуревич масъулини ҳукумати Душанбе ваъда доданд, ки ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд.
Валерий Давидов ба хабаргузориҳои Тоҷикистон гуфтааст, рӯзҳои наздик ӯ ба Исроил сафар хоҳад кард то дар мулоқот бо раиси федератсияи ҷамоаҳои яҳудиҳои кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд ва раиси Конгресси яҳудиҳои бухороӣ Лев Леваев масоили марбут ба ҳифзи ягона канисаи яҳудиҳо дар Тоҷикистонро матраҳ кунад. Ёдовар мешавем, соли гузашта ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифт дар чаҳорчӯби барномаи бунёди Қасри миллат чандин бино дар маркази шаҳр, аз ҷумла, канисаи яҳудиҳоро хароб кунад. Ба итилоъи расмӣ, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 400 яҳудӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG