Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи шанбеи 20-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ эълон шудааст. Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ вобаста ба таҷлили 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, Соли тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии Кӯлоб, тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим дар саросари кишвар доир мешавад. Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар Рӯзи дави миллӣ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати ҷалб намудани аҳолӣ ба чорабинии мазкур мусоидат намоянд. Бино ба иттилоъи Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин чорабинии оммавии варзишӣ ширкати беш аз 100 ҳазор афроди синну соли мухталиф дар назар аст, ки онҳо ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр медаванд. Қарор аст, нахуст Эмомалӣ Раҳмонов бо ширкати худ дар ин пойга ба Рӯзи дави миллӣ оғоз бахшад. Пойгаи давандаҳо дар шаҳри Душанбе субҳи рӯзи шанбе аз майдони "Дӯстӣ" шурӯъ шуда, дар ҳамин майдон ба поён мерасад. Ғолибони пойга ва ширкаткунандагони фаъоли ин чорабинии оммавии варзишӣ бо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва кумитаи тадорукоти Рӯзи дави миллӣ сарфароз мешаванд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG