Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов?


Нашрияҳои чопи Душанбе Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба посгоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯъи рақами яки шумораҳои тозаи ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта буд.

Шаби 11 ба 12 май як гурӯҳи мусаллаҳ, ки шумори аъзояш то даҳ нафар тахмин зада шудааст, ба посгоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамла карда ва чандин марзбонро аз ду тараф кушта ва аслиҳа ба яғмо бурда буд.

Мувофиқи хабари «Факти и Комментарии», дар амалиёти зидди ин гурӯҳ то чаҳорсад низомии Қирғизистон ва тибқи иттилоъи «А-П» тақрибан 60 марзбони тоҷик ширкат кардаанд.

Баъд аз маҳви ин гурӯҳ, «А-П» навиштааст, дар макони задухӯрд маводи кимиёвӣ ёфт шудааст, ки он дар таҳияи маводи тарканда истифода мешавад.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар як матлаби яксафҳаӣ ин ҳодисаро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки ин воқеъа бори дигар осебпазрии амнияти води Фарғонаро нишон дод.

Ва аммо дар ин маврид, ки афроди ин гурӯҳ мутааллиқ ба кадом созмоне ҳатсанд ва чаро даст ба чунин як иқдом задаанд, фарзияҳои мухталифе дар расонаҳои чопии Душанбе матраҳ аст.

Фарзияи рақами яки Миллат он будааст, ки ҳамлаи рӯйрост ба посгоҳи марзӣ бо ҳадафи ба даст овардани муҳиммоти ҷангӣ ва аслиҳа як иқдоми бадеҳӣ ва бетарҳу барнома нест ва мусалламан, ин гурӯҳ афроди бештаре дарк амин дорад.

«Факти и Комментарии» ҳадс задааст, ки вуҷуди робитае байни ин гурӯҳ ва Ҳаракати исломии Узбакистон ва ё Ҳизби Таҳрир эҳтимолияти кам дорад. Бино бар навиштаи ин нашрия, Дилшод Раҳимов, собиқ марзбони тоҷик, ки раҳбари ин гурӯҳ тахмин мешавад, шояд роҳбаладе будааст, ки бояд ин гурӯҳро аз марз мегузаронидааст, вале задухӯрд дар марз ҳодисаи тасодуф будааст.

Ба ҳар навъ, навиштааст «Миллат» маъмурони амниятии Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбакистон набояд қазияро хотимаёфта пиндошта ва аз паёмади он хаёл роҳат кунанд.

Бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта матни комили номаи Маҳмуд Аҳмадинаҷот, раиси ҷумҳури Эрон ба ҳамтои амрикоияш Ҷорҷ Бушро чоп намудаанд.

«Зиндагӣ» аз қавли сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон навиштааст, ки ду чунин номаи дигар унвонии сарварони кишварҳои дигар барномарезӣ мешавад.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақим бо хонандагони ҳафтаномаи Тоҷикистон гуфтааст, дар мавриди суоле дар бораи он ки оё нисбат ба Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов, вазири собиқи энержӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё на, посух гуфт, Дар айни ҳол, нисбат ба собиқ вазири энержӣ ҳеҷ гунна парвандаи ҷиноятӣ оғоз нашуда ва номбурда атҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надорад. Ва аммо додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти вазорати энержии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор додааст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як матлабе навиштааст, бо номи тамаддуни исломӣ ва идеяи миллӣ ва навиштааст, ки Ислом забони форсиро ба сатҳи илмиву давлатӣ, ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард ва кассе ин хидмати шоёнро дар ҳаққи забони тоҷикӣ - форсӣ накардааст. Ва ҳама саромадони фарҳанги тоҷикӣ донишмандон ва ҳомиёни Ислом будаанд.

Дар Тоҷикистон як матлаби дигар дар мавриди он чоп шудааст, ки ҳарчанд то интихоботи президентӣ на он қадар вақти зиёд мондааст, ҳанӯз ҳам ҳама аҳзоб лаби хомӯширо газида ва вазъи тоҷикистон ба вазъи кишвари интихоботӣ монанд нест. Сустии аҳзоби мухолифро муаллифи матлаб ногузир сабаби заъфи ҳизби ҳоким мешавад гуфтааст7 Ва аммо дар мавриди шонсҳо муаллифи матлаб навиштааст, шонси аҳзоби мухолиф дар ин интихобо дар муқобили намояндаи ҳизби ҳоким панҷ бар наваду панҷ дар сад аст.
XS
SM
MD
LG