Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА: Рӯ ба боло


Мунтахаби Бразилия бо 827 имтиёз миёни 205 кишвари олам дар мақоми нахуст аст. Тимҳои миллии Ҷумҳурии Чех бо 772 имтиёз мақоми дуввум, Ҳуланд бо 768 имтиёз мақоми саввум, Мексика бо 758 имтиёз мақоми чаҳорум, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Испониё бо 756 имтиёзӣ мақоми панҷумро ишғол кардаанд.

Беҳтарин тими қорраи Осиё - Ҷопон бо 705 имтиёз дар мақоми 18-ум қарор гирифтааст. Тими миллии Эрон, ки дар Осиё мақоми дуввумро ишғол мекунад, дар рейтинги FIFA бо 686 имтиёз як зина поинтар - ба ҷойи 23-ум суқут кардааст. Дастаи мунтахаби Узбакистон, ки беҳтарин тими миллии Осиёи Марказист, бо 571 имтиёз як зина поинтар - ба ҷойи 60-ум фуромадааст. Тими миллии Туркманистон низ бо 371 имтиёз як зина поинтар - ба ҷойи 120-ум суқут кардааст. Мунтахаби Қазоқистон бо 319 имтиёз як зина болотар - ба ҷойи 135-ум баромадааст. Дастаи Қирғизистон бо 273 имтиёз як зина поинтар -- ба ҷойи 147-ум фуромадааст.

Ҷойгоҳи дигар дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин аст: 37. Русия (645 имтиёз), 45. Украина (609), 65. Беларус (553), 70. Латвия (541), 77. Эстония (534), 93. Литва (481), 101. Гурҷистон (459), 104. Молдова (452), 109. Арманистон (416), 112. Озарбойҷон (392).
XS
SM
MD
LG