Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши нави НАНСМИТ


Мутаваққиф шудани фаъолияти Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, даъвати хабарнигори нашрияи «Азия плюс» ба идораи бонки Эсхата баъди нашри як матлаби интиқодӣ ва ба ҳамин тартиб мушкили дастрасӣ ба манобеи расмии иттилоот аз мавориди аслии нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар моҳи гузашта будааст,ки дар гузориши нави Анҷумани миллии расонаҳои мустақили ин кишвар зикр шудааст.
Абдуфаттоҳ Воҳидов-ҳамоҳангсози барномаҳои мониторингии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар моҳи гузашта аз сӯи коршиносони ин созмон дар саросари кишвар 27 мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон сабт шудааст. Аз ҷумла 16 маврид дар робита ба вазъи ҳуқуқии васоити ахбори умум ,8 мавриди мустақим дар робита ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва дар 3 маврид расонаҳо барои низоъ ва нақзи меъёр муттаҳам мешаванд. Оқои Воҳидов қарори яке аз додгоҳҳои ноҳиявии пойтахт дар бораи боздошти фаъолияти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистонро дар моҳи гузашта нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон арзёбӣ кард.
Ин дар ҳолест,ки Усмон Сабзов- муовини мудири шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз мавориди мушоҳидоти Анҷумани миллии расонаҳои мустақили кишвар дар робита ба нақзи ҳуқуқи журналистонро воқеӣ намеҳисобад. Вай гуфт ҳукумат талош дорад бо васоити ахбори умум ҳамкории хуб ба роҳ монад ва аз сӯи дигар мансабдорони давлатӣ муваззаф шудаанд, ки барои дастёбии хабарнигор бо ахбори зарурӣ мусоидат намоянд. Дар гузориши тозанашри Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон муносибат ва бархурди мақомоти маҳаллӣ бо кормандони васоити ахбори умум нигаронкунанда арзёбӣ шудаааст. Дар гузориши мазкур ҳамчунин аз мавонеъи мавҷуд ҷиҳати дарёфти муҷаввизи фаъолият барои расонаҳои электронӣ ва сабти рӯзномаҳои мустақил интиқод шудааст.
Анҷумани миллиии расонаҳои мустақили Тоҷикстон аз соли 2003 ба арзёбии мавориди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорони кишвар шурӯъ кардааст. Масъулини ин созмон гуфтаанд шурӯъ аз соли гузашта ҳисоботи онҳо барои ҳар моҳ мунташир ва ба созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ва мақомоти Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG