Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеаи барномаҳои USAID дар Тоҷикистон


Дрю Лютен иҷрокунандаи вазифаи раиси дафтари Аврупо ва Авруосиёии Ожонси байналмилалии рушди Амрико-USAID бо ҳадафи ошноӣ бо раванди иҷрои тарҳҳои ин ниҳод дар Тоҷикистон вориди пойтахти ин кишвар- шаҳри Душанбе шудааст. Бино ба иттилоъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Лютен зимни сафари худ қарор аст бо мақомоти вазоратҳои беҳдошт, кишоварзӣ, маъориф ва иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон мулоқот намояд. Алмаз Сайфиддинов сухангӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт дар ҳоли ҳозир тамаркузи аслии тарҳҳои Барномаи байналмилалии рушди Амрико дар Тоҷикистон рӯи бахшҳои беҳдошту маъориф ва иқтисоду кишоварзии ин кишвар қарор дорад. Ҳамин манбаъ афзуд дар назар аст дар ҷараёни мулоқоти ҷаноби Лютен бо мақомоти тоҷик ҳамчунин самтҳои нави фаъолият ва ҳамкориҳои USAID дар Тоҷикистон таҳия ва мушаххас муайян гардад. Интизор меравад масъули Барномаи байналмилалии рушди Амрико фардо, 19 май дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба натоиҷи боздиди худ аз Тоҷикистон як нишасти хабарӣ доир намояд.
XS
SM
MD
LG