Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Регар" ТадАЗ ба ҷойи аввал баромад


Тими футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо шонздаҳ имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба ҷойи аввал баромад. Ин даста дар майдони худ бар тими «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 0 пирӯз шуд. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ 16 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» ТадАЗ дар мақоми аввал ва «Парвоз» дар мақоми дуввум қарор гирифтаанд. Шӯҳрат Аъзамов, мураббии тими «Регар» ТадАЗ дар бораи мусобиқоти имсола чунин ибрози назар кард: «Чемпионат пуршиддат сурат гирифтааст. Дар баргузории мусобиқоти имсола нисбати бозиҳои соли гузашта тафовути назаррас ба чашм намерасад, вале рақобатҳо тезу тунд мегузарад.»Тими CSKA-и Душанбе, ки дар майдони худ дастаи «Саройкамар»-и Панҷро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод, бо 12 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунад.
Ва боз як хабар барои мухлисони футбол. Тими «Дордой - Динамо»-и Қирғизистон дар бозии аввали нимниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми раиси AFC- Конфедератсиони футболи Осиё, ки дар варзишгоҳи «Саравак»-и шаҳри Кучинги Малайзия баргузор шуд, бар тими «Кхемара»-и Покистон бо натиҷаи 3 ба 0 ғолиб омада, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Воқиан, бори дуввум аст, ки қаҳрамони футболи Қирғизистон барои ширкат дар финали Ҷоми раиси AFC роҳ меёбад. Соли гузашта «Дордой - Динамо» дар бозии ниҳоӣ аз дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 0 бар 3 шикаст хӯрда буд. Дастаи дуввуми ширкаткунандаи бозии ниҳоии дуввумин давраи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC дар рақобат миёни тимҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Татунг»-и Тайван муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG