Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нахи пахтаи Тоҷикистон афзоиш ёфт


Бар асоси як тарҳи пешниҳодии вазорати кишоварзӣ ва иқтисоди Тоҷикистон қимати як тон нахи пахта барои тавлидкунандаи дохилӣ дар бозорҳои ин кишвар 109 доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест,ки як моҳ қабл бар асоси тарҳи қаблии ҳамлу нақл ва фурӯш қимати як тон нахи пахтаи Тоҷикистон ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ ва ҳам барои тавлидкунандаи дохилӣ 948 доллари амрикоӣ муайян шуда буд. Абдукарим Ҳикматов муовини вазири саноати Тоҷикистон бо интиқод аз тасмими афзоиши қимати нахи пахта дар бозори дохилии ин кишвар гуфт мавриди иҷро қарор гирифтани тартиби нави фурӯш ва ҳамлу нақли нахи пахтаи Тоҷикистон ба нафъи саноеъи коркарди пахтаи ин кишвар нест ва он дар баробари сармоягузори хориҷӣ имконоти содиротии тавлидкунандаи маҳаллиро маҳдуд месозад. Ба гуфтаи муовини вазири саноати Тоҷикистон роҳи дурусти ҳалли мушкил он аст,ки ҳам тавлидкунандаи дохилӣ ва ҳам сармоягузори дохилӣ бояд аз имконоти баробари харид ва содироти пахта бархурдор бошанд. Мутобиқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир танҳо 12 дарсад нахи пахтаи ин кишвар дар дохил коркард мешавад. Гуфта мешавад боло рафтани қимати нахи пахта барои коркарди дохилӣ дар Тоҷикистон имконоти бе ин ҳам маҳдуди ин кишварро дар амри коркард ва судури нахи пахта ба хориҷ маҳдудтар месозад. Ин дар ҳолест,ки бар асоси иттилоъи Вазорати саноати Тоҷикистон дар пайи боло рафтани қимати масрафи дохилии нахи пахта «Кабол-Таҷик- Текстайл»-бузургтарин корхонаи бофандагӣ дар шимоли ин кишвар то як давраи номуайян фаъолияи худро қатъ намудааст. Феълан дар Тоҷикистон 18 корхонаи маҳалӣ ба коркарди нахи пахта машғул аст.
XS
SM
MD
LG