Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии шубҳаноки "Барселона"


Таҳияи Салими Аюбзод Шоми чаҳоршанбе дастаи испониёии "Барселона" дастаи "Арсенол"-и Лондонро 2:1 шикаст дода, дар финали Лигаи Қаҳрамонҳо пирӯз гардид. Ин бори дуюм аст, ки "Барселона" Ҷоми қаҳрамонони Аврупоро ба даст меорад. Соли 1992 низ он баранда шуда буд.

Шореҳони варзиш ин бозиро "Пирӯзии хотирнишин ва шикасти фаромӯшнашаванда" номиданд. Сабаб дар он буд, ки "Арсенол" то дақиқаи 76 бо ҳисоби 1:0 пешсаф буд. Тӯби аввалро дар дақиқаи 37-ум Сол Кемпбелл бо сараш ба тӯри дарвозаи "Барселона" ворид кард. Вале ба зудӣ, довари бозӣ Терйе Хауге дарвозабони "Арсенол"-ро ба вайрон кардани қоидаи бозӣ айбдор кард ва аз майдон ронд. Баъд аз ин ба "Арсенол" муяссар нашуд, пешгомиро ҳифз кунад. Дар дақиқаи 76-ум бозингари камерунии "Барселона" Самел Это ҳисобро баробар кард. Баъд аз бозӣ мураббии "Арсенол" Арсен Венгер гуфт, ба назари вай ин тӯб аз ҳолати оффсайд зада шуд ва мебоист ба ҳисоб гирифта намешуд.
Ва дар дақиқаи 81-ум бозингари брозилии "Барселона" Ҷулиано Белеттӣ тӯби дуюм ва ҳалкунандаро ба тӯри дарвозаи "Арсенол" афканд. Ин қисмати бозӣ дар варзишгоҳи "Стад де Франс"-и Порис зери борони сахт ҷараён дошт.
Пас аз бозӣ, капитани дастаи "Арсенол" Тйерри Онри доварро сабабгори асосии шикасти дастаи худ номид ва гуфт, ба назари вай довар Хауге дар тан сарулибоси дастаи "Барселона"-ро пӯшида буд. Аммо таърихи 107-солаи "Барселона" нишон медиҳад, ки ин даста бори панҷум буд барои баландтарин ҷоизаи футболи Аврупо набард мекард, дар ҳоле ки "Арсенол" бори аввал ба финали Лигаи қаҳрамонон баромада буд.
XS
SM
MD
LG