Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: Рамсфелд аз нав Эронро мутаҳҳам кард


Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд бори дигар Эронро дар дахолат ба корҳои дохилии Ироқ ва ангезиши хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқи ноором айбдор кард. Вай дар ҳоле ки дар Кумитаи Сенои Амрико гузориш медод, гуфт, нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ таслиҳоти тавлиди Эронро пайдо кардаанд. Вале афзуд, ҳанӯз наметавон ин дахолатро бо далелҳо тасбит кард: "Мушкил дар ин аст, то замоне ки касеро аз Эрон, аз ҳукумати Эрон дар ҳоли интиқоли силоҳ ба Ироқ боздошт накунем, наметавон ин ду падидаро дақиқан пайванд дод ва наметавон исбот кард, ки ин кор бо пуштибонии ҳукумати Эрон ба амал меояд."
Рамсфелд илова кард, ки хуруҷи пешазвақти нирӯҳои Амрико аз Ироқ ба манфиати Эрон хоҳад буд. Сенатори демократ аз Калифорниё Даяна Фейнштейн масъалаи бештар бар дӯши нирӯҳои Ироқ вогузор кардани вазифаҳои артиши Амрико дар ин кишварро матраҳ кард: "Ҳузури Амрико дар Ироқ як баҳонае барои мусаллаҳон аст, ки мардуми осоиштаро ҳадаф қарор диҳанд. Ман аз вазъи амрикоиёне нигаронам, ки дар миёни ду оташ мондаанд ва ба назари ман, фурсати он расидааст, ки вазифаҳо ба нирӯҳои ироқӣ дода шуда, ҳузури мо бештар хосияти пасманзарӣ ва пуштибонӣ дошта бошад ва батадриҷ мардуми худро берун кашем."
Рамсфелд барномаи тағйири нақшҳо дар саҳнаи Ироқро тасдиқ кард, вале гуфта натавонист, оё шароит ба хуруҷи ҷиддии нирӯҳои Амрико аз Ироқ то охири сол имкон хоҳад дод ё на.
XS
SM
MD
LG